Муродулло Носиров

Омӯзгоре аз Душанбе дар Олимпиадаи Фаронса ҷойи аввалро гирифт

Омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муродулло Носиров дар даври дуюми Олимпиадаи байналмилалии Фаронса сазовори ҷойи аввал гардидааст.

Бино ба иттилои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, олимпиадаи мазкур дар Донишгоҳи байналмилалии Марсели Фаронса аз фанҳои математика, физика ва химия бо иштироки 112 нафар омӯзгорони беҳтарини Русия, Фаронса, Полша, Ветнам, Юнон, Тоҷикистон ва дигар давлатҳо баргузор карда шудааст.

Гуфта мешавад, ки Муродулло Носиров дар Олимпиадаи байналмилалии Авруосиё, ки моҳи январи соли 2023 тариқи маҷозӣ (онлайн) аз фанҳои физика, математика ва химия доир гардида буд, сазовори ҷойи сеюм, диплом ва мукофоти пулӣ гардида буд. Дар он 1328 нафар омӯзгорони Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Туркия, Русия, Қазоқистон ва Афғонистон иштирок карда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *