Мино дар Афғонистон “Бомба” афканд
Азбаски тӯли ҳафта гирди номи ин паричеҳра сару садоҳои зиёде пайдо шуданд, мо ба хонум Мино занг зада, таассуроташро аз сафари Туркия пурсидем ва асрори клипи навашро бо сарояндаи ҷавони афғон Фарид ҷӯё шудем. Инак, фишурдаи суҳбатамонро бо ин сарояндаи серхаридор пешкашатон месозем.
—Салом, хонум Мино! Аз сомонаи “Tajikistantimes” шуморо ташвиш медиҳем. Вақти гап задан доред?
-Вақт надошта бошам ҳам, барои шумо меёбам.
—Минохонум, моро овозаи навбатӣ дар атрофи номи шумо нигарон намуд, ки гӯё…
-Афғонҳо маро харида бошанд?
—Бале, дар байни мардум ҳар хел сару садоҳо пайдо шуда истодаанд, ки гӯё мардони афғон дар пеши пойи шумо доллар пошида, барои ба даст овардани дили Мино бо ҳамдигар даст ба гиребон мешаванд…
-Ба харидани Мино зӯри ягон миллионер намерасад, чунки ман диламро бо пул намефурӯшам.
—Сарчашмаи пайдо шудани ин овозаҳо аз куҷост?
-Мо ҳамроҳи як ҳунарманди афғон дуэт суруда будем. Ин сару садоҳо баъди пайдо шудани ҳамон навор ба вуҷуд омаданд.
—Шумо ба Афғонистон сафар доштед?
-Не, мо дар Туркия бо Фарид вохӯрдем ва ӯ се рӯз модарамро зориву тавалло намуд, ки ман ҳамроҳаш тарона сароям. Ночор розӣ шуда ҳамроҳи ин сарояндаи афғон дуэт сурудам.
—Аз ин клип албатта фоида ҳам гирифтагистед?
-Чандон фоидаи калон не, Фарид танҳо хароҷоти клипро пурра бар дӯши худ гирифта, ба ман 10 либос туҳфа кард ва бароямон ду чиптаи ҳавопаймо гирифт.
—Барои як тарона ин қадар хароҷот кардааст, агар дасту дилатонро мепурсид, ба фикрам хироҷи як мамлакатро талаб мекардед?
-(Механдад) Дили Миноро ба даст овардан осон нест! Ман ба ивази тамоми ганҷу сарвати олам ҳам, диламро ба бегона намедиҳам. Ҷавонмардони рустамбозуи абрӯсиёҳу қошпайванди тоҷикро монда ба ким-кадом аҷнабӣ ба шавҳар баромадан камоли беақлӣ аст.
—Мақсади сафаратон ба Туркия чӣ буд: сафари ҳунарӣ ё ҳамту истироҳат?
-На ину на он, моро ба як тӯйи пуршукуҳи эронӣ даъват карда буданд. Дар байни меҳмонон чеҳраҳои шинохта ва сарояндагони машҳур аз Эрон, Афғонистон ва Покистон хеле зиёд буданд. Вақте навбати ман расид, якбора тамоми меҳмонон ба рақс баромада, офарин гуфтанд. Дар ҳамон маҳфил чанд сарояндаи машҳур ба ман таклифи ҳамроҳ суруд хондан намуданд, вале рад кардам. Фарид дид, ки дили маро ба даст овардан осон нест, домони модарамро сахт дошта, билохира ӯро ба гап даровард.
—Омода намудани суруд кори осон нест. Дуэти шумо дар чанд вақт тайёр шуд?
— Ҳамагӣ дар бадали ду рӯз ман матни сурудро азбар намудам ва баъди сабт намудани овозамон беҳтарин клипсозони Туркия онро ба навор гирифтанд.
—Ин тарона ба худатон писанд омад?
-Росташро гӯям, не!
—Чаро?
-Ман бо либоси аврупоӣ баромад карда будам, вале дар вақти банду басти суруд либосҳоямро бо воситаи компютер тағйир дода, маро мисли “манашкаҳо” саропо печондаанд.
—Норозигиатонро изҳор накардед?
-Албатта изҳор намудам, вале Фарид “мардуми афғон либосҳои нимбараҳнаро хуш надоранд” гӯён, хоҳиш кард, ки ба кори ӯ ва клипсозон халал нарасонам. Аз як ҷиҳат гапи ӯ ҳам ҷон дошт, барои ҳамин ба тақдир тан дода, дигар дар ин бора лаб накушодам.
—Шояд маҳз ба шарофати пӯшида будани либосатон ин клип дар Афғонистон “бомба” шуда бошад…
-Ин гапатон асос дорад. Фарид ба модарам занг зада шодиёна гирифт, ки аллакай чил ҳазор фиттаи ин суруд дар Афғонистон ба фурӯш рафтааст. Дӯстонаш, ки бо ӯ шарт баста “Фарид, ту Миноро ба гап дароварда, ҳамроҳаш бадеҳа суруда наметавонӣ, агар аз уҳдаи ин кор бароӣ, мо тарки саҳна мекунем” гуфта будаанд, шартро бой дода, қоил шудаанд…
—Шунидем, ки ба наздикӣ ба Аврупо сафар мекунед…?
-Бале, мехоҳам таронаҳои навамро дар хориҷа наворбардорӣ кунам.
—Суруди “Бачаи Бадахшонӣ”-атонро шунидам, бисёр таронаи ҷаззоб баромадааст, вале ман аз як чиз ҳайронам, ки чаро шумо фақат дар бораи ҷавонмардони ҳамин сарзамин месароед. Мабодо ягон бачаи бадахшӣ дилатонро набурда бошад….?
-Эй нее… (Механдад) Самимияти мардуми ин сарзамин маро ба сурудани чунин таронаҳои ҷаззоб водор месозад. “Бачаи дарвозӣ” маро азизи дили Бадахшониҳо гардонд. Онҳо то имрӯз маро ба маҳфилҳояшон даъват карда, ҳурмату эҳтироми зиёд мекунанд.
—Тӯйи Наимҷони Сайдалиро хӯрдем, дар маҳфили арӯсии Мино кай мерақсида бошем?
-Мино ҳоло вақти арӯсӣ кардан надорад. Айни замон ҳушу ёди ман танҳо ба санъат ва эҷоди сурудҳои дилошӯб банд аст.
—Дар пешравии ҳунар ба шумо барору комёбиҳои нав ба нав хоста, таманно мекунем, ки ҳамеша маҳбуби дилҳо бимонед!
-Ташаккур!
Суҳбаторо: Рустам Азимӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ