Минтақаҳои озоди иқтисодӣ омили рушд ё тарҳе дар болои коғаз?
Дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии “Суғд” ва “Данғара” пешрафту беҳбудӣ дар самти таъсиси корхонаҳо ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба назар мерасад. Аммо фаъолияти ду МОИ-и дигар – “Панҷ” ва “Ишкошим” он қадар муассир ба чашм намерасад.
Минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) ҷузъи ҷудонашавандаи муносибатҳои иқтисодӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд ва раванди мазкур дар Тоҷикистон низ то андозае роҳандозӣ гашта, ҷиҳати таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, фаровон гардонидани бозори дохилию истеъмолӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мусоидат намудааст.
То ба имрӯз дар Тоҷикистон чор Минтақаи озоди иқтисодӣ — МОИ «Суғд», МОИ «Панҷ», МОИ «Данғара» ва МОИ «Ишкошим» амал доранд. 28 феврали соли 2019 таъсиси боз як минтақаи озоди иқтисодии дигар – МОИ “Кӯлоб” дар ҷаласаи Ҳукумати кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта буд ва феълан минтақаи мазкур таҳти омӯзиши сармоягузорони хориҷӣ қарор дорад.
Тавре аз таҳлилу мушоҳидот бармеояд, дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии “Суғд” ва “Данғара” пешрафту беҳбудӣ дар самти таъсиси корхонаҳо ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба назар мерасад. Аммо фаъолияти ду МОИ-и дигар – “Панҷ” ва “Ишкошим” он қадар муассир ба чашм намерасад.
МОИ «Суғд»
МОИ «Суғд» соли 2009 таъсис ёфта, масоҳати умумии он 320 гектарро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти Агентии омори назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар ин минтақа 26 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 21 субъектро корхонаҳои ватанӣ ва 5 субъектро корхонаҳои муштарак ташкил медиҳанд.
Тавре аз макони ҷойгиршавии ҷуғрофии МОИ “Суғд” бармеояд, минтақаи мазкур ҷиҳати рушди тиҷорату содироти маҳсулот ба кишварҳои дуру наздик мусоид мебошад.
Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2019 дар МОИ “Суғд” 10 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 113991,8 ҳазор сомониро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 139,0 фоизро дар бар мегирад.
МОИ «Данғара»
Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” масоҳати 521,3 гектарро ташкил дода, таъсису ташкили минтақаи мазкур аллакай дар таъмини самараноки иқтисодиёти минтақа ва рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, таъмин намудани аҳолии минтақа бо ҷойҳои нави корӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум самараи дилхоҳ ба бор овардааст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-сентябри соли равон, дар ин ҷо 7 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 28686,2 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб зиёд аст.
МОИ «Панҷ»
Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” ”соли 2008 дар ноҳияи Қумсангири Панҷи Поён ҳамчун қитъаи алоҳида таъсис ёфтааст. Ҳарчанд минтақаи мазкур дар мавқеи муайяни фоидаовар қарор дорад ва имкон дорад бо Афғонистон додугирифти хубтару беҳтар ба роҳ монда шавад, аммо мутаасифона дар моҳҳои январ- сентябри соли ҷорӣ дар ин минтақа ҳамагӣ 3 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 574,7 ҳазор сомониро ташкил додаасту халос.
МОИ «Ишкошим»
Тавре дар боло ишора кардем, МОИ “Ишкошим” фаъолияти чашмрасро соҳиб нест ва садди роҳи фаъолиятро раиси ВМКБ Ёдгор Файзов, дар арзи ҳастӣ надоштани инфрасохтори ҷавобгӯ ба талабот дар минтақа маънидод карда буд, ки метавон то андозае ба гуфтаҳои раис розӣ шуд. Воқеан ҳам, набудани роҳи дурусту барқу интернети доимӣ, ташнобу меҳмонхонаҳо ва дигар заминаҳои моддӣ сабаб гашта, ки сармоягузорони хориҷӣ ба минтақаи мазкур он қадар таваҷҷуҳи хосса надоранд. Аммо метавон зерқитъаҳои МОИ “Ишкошим”-ро дар дигар нуқоти Бадахшон фаъол кард.
Аз маълумоти дастрасшуда бармеояд, ки МОИ “Ишкошим” дар ҳалқаи се кишвар Чин (Қошғар) – Тоҷикистон (Ишкошим) –Афғонистон (Файзобод) – Қирғизистон (Ош) мавқеъ гирифта, ҷиҳати рушди соҳибкорӣ миёни кишварҳои мазкур метавонад ҳамчун ҳамоҳангсоз фаъолияти пурсамар ба анҷом расонад. Аммо афсӯс, ки ин ҳама тарҳу нақшаҳо танҳо рӯйи коғазанду бас ва агар соҳибкорони ҳар ду соҳили дарёи Панҷ – Бадахшони Тоҷикистону Бадахшони Афғонистон ҳамкориҳоро роҳандозӣ амалӣ созанд, минтақа самаровар хоҳад шуд. Ба гуфтаи онҳо, молу маҳсулот тариқи Покистон тӯли як-ду моҳ вориди Афғонистон гашта, ҳам сифат ва ҳам арзиши худро аз даст медиҳад. Ба андешаи онҳо, фаъолгардии МОИ-и “Ишкошим”,воридоти молу маҳсулотро дар ду-се рӯз барои тоҷирони афғон таъмин месозад. На танҳо аз Покистон, балки аз Чину дигар кишварҳо низ метавон муносибатҳои тиҷоратиро роҳандозӣ кард. Набояд фаромӯш кард, ки МОИ “Ишкошим” замоне ҳамчун “Роҳи абрешим” маълуму машҳур буд.
Воқеан ҳам, МОИ “Ишкошим” дар баробари мавзеи хуби сайру сайёҳӣ будан, ҳамчунин аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст. Тавре коршиносон изҳор медоранд, коркарду истеҳсоли сангҳои қиматбаҳои “Лаъл” дар ин минтақа айни муддаост.
Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, дар нуҳмоҳаи соли 2019 истеҳсоли корхонаҳои саноатӣ ва корҳои сохтмонӣ дар ин МОИ “Ишкошим” умуман ба қайд гирифта нашудааст.
МОИ “Кӯлоб”
МОИ “Кӯлоб” навтаъсис аст ва аллакай минтақаи мазкур таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Тибқи иттилои қаблии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, Ширкати «Чайна Машинари Индастри Констракшн Групп ИНК (СИНОКОНСТ)»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин тасмим гирифтааст, то дар ҳудуди МОИ «Кӯлоб», Маҷмааи корхонаҳои нассоҷии «Сино Тоҷикистон Кӯлоб Текстайл Индастри Парк»-ро бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар ду марҳила барои коркарди нахи пахта дар шаклҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пурра ба истифода диҳад. Бино ба иттилоот,марҳилаи якум бо маблағгузории 130 млн. доллари ИМА ва марҳилаи дуюм бо маблағгузории 170 млн. доллар амалӣ хоҳад шуд ва дар Маҷмааи корхонаҳои нассоҷии «Сино Тоҷикистон Кӯлоб Текстайл Индастри Парк» дар маҷмӯъ 5500 ҷойи кор, таъсис дода шуда, тахминан 35000 тонна нахи пахта дар як сол коркард карда мешаванд.
МОИ соҳибимтиёзанд
Минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар аз имтиёзҳои андозӣ бархӯрдоранд. Бино ба маълумоти расмӣ, аз ҳама гуна фаъолиятҳои соҳибкорони МОИ, танҳо ду намуди андоз – андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ рӯёнида шуда, вориднамоии таҷҳизот аз боҷи гумрукӣ озод аст.
Аз таҳлилу мушоҳидот барамеояд, ки метавон ба Минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар умед баст. Агар муруре ба давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ кунем, онҳо ба ин раванд солҳои навадум ворид шуда, то ин муддат рушду пешрафтҳои назаррасро дар ҳама соҳаҳо соҳиб шудаанд. Тоҷикистон низ, ки дар ин ҷода қадамҳои устувор гузошта истодааст, умед аст, ки дар солҳои баъдӣ дастовардҳои истеҳсолиро соҳиб хоҳад гашт, агар… Бале, агар ҳар гуна сармояи хориҷиву дохилӣ одилонаву оқилона мавриди истифода қарор гираду ақл аз болои нафс пирӯз гардад, он гоҳ метавон ба ояндаи нек умед баст.
М.Идизода,
махсус барои “Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ