Олга Тутубалина муҳаррири “Азия плюс” худро ба дор овехт?

“Субҳи 19 ноябр дар ҳоҷатхонаи “Азия плюс” ҷасади журналист Олга Тутубалинаро пайдо карданд. Эҳтимол номбурда даст ба худкушӣ зада буд… Рӯзҳои охир ҳолати рӯҳии журналист бо сабаби ҷудо шудан аз шавҳараш хуб набуд, бинобар ин зиёд шароб менӯшид. Ба иттилоъи ҳамкасбонаш ин ҳолат Тутубалинаро ба худкушӣ оварда расонид.”

Субҳи имрӯз ин хабар дар саҳифаи “Женский базар”-и Фейсбук аз номи Милена Гейвандова ном корбар нашр гардид ва боиси сарусадо ва ҳамдардиҳои зиёд шуд.

Пас аз шунидани ин хабар www.pressa.tj бо роҳбари гуруҳи расонаҳои “Азия плюс” дар алоқа шуд ва ҳақиқати ин хабарро ҷӯё гардид. “Ман чанд лаҳза пеш бо Олга онлайнӣ гуфтугӯ доштам. Ин хабар ҳақиқат надорад”- дар ҳайрат посух дод Умед Бобохонов.

Пас аз ин мо ба худи Олга Тутубалина занг задем.

-Ман зинда ҳастам, — баробари гӯширо бардоштан посух дод, Олга.

“Ман аз ин хабарҳо огоҳам… Ин хабарҳо аз номи Милена ном шахсе, пахш мешавад, ки дар гузашта мард буд ва баъдан ҷинси худро иваз кард. Ин шахс аз рӯйи бадбинӣ номи маро сиёҳ мекунад. Ба ин овозаҳо бовар накунед, зеро ман шароб наменӯшам ва вақти стресс ҳам надорам”- гуфт журналист.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *