Минтақаи Кӯлоб: Шиновариро омўзонем

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кўлоб Юсуф Сафаров изҳор дошт, ки дар давоми шаш моҳи гузашта 15 нафар шаҳрвандон ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.

Қайд гардид, ки бо шогирдони таълимгоҳҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ, суҳбатҳо доир карда шудаанд. Рўзноманигорон пешниҳод намуданд, ки хуб мебуд, ки ба мисли дигар сексияҳои варзишӣ, сексияҳои шиноварӣ таъсис диҳанд. Дигар ин ки, дар ҳолатҳои хавфнок навиштаҷоти огоҳкунанда гузошта, махсус дар мавсими гарми ҳаво ба воситаи кормандони кумита, милиса, аҳли ҷамоатчигӣ рейдҳо гузаронида шаванд.

Масъулин изҳор доштанд, ки вобаста ба таъсиси сексияву маҳфилҳои омўзишии шиновариӣ ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст.

Нурулло ҲАСАНОВ, рўзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *