ДМТ: аз литсей ва дипломи нав то таъмини омӯзгорон бо хона

Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвахтзода оид ба фаъолияти ин муассисаи олии бонуфуз дар 6 моҳи аввали соли равон ба намояндагони ВАО ҳисобот дод.

Литсейи равияи табииву риёзӣ

“Муҳимтарин рўйдоди соли ҷорӣ дар донишгоҳ 13-уми марти соли 2023 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфтани бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он мебошад”,- гуфт Қобилҷон Хушвахтзода.

Бинои литсей аз чор ошёна иборат буда, барои 1280 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Дар литсей 10 синфхонаи алоҳидаи фаннӣ барои омўзиши фаннҳои химия, физика, биология, математика ва геометрия ташкил гардида, барои гузаронидани таҷрибаву озмоишҳо имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Манзили зист ва студияи телевизион

Дигар дастоварди донишгоҳ, ки Қобилҷон Хушвахтзода зикр кард, таъмир ва ба хонаҳои истиқоматӣ табдил додани бинои хобгоҳи №7 ва тақдими хонаҳо ба 39 нафар омўзгорону кормандони ҷавони донишгоҳ буд. Давоми як соли охир маротибаи дуюм аст, ки ДМТ ба омӯзгорон манзили истиқоматӣ медиҳад. “То имрӯз наздик ба 80 нафар соҳиби хонаи хизматӣ шуданд”,- гуфт ректор ба рӯзноманигорон.

Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ ДМТ соҳиби Телевизиони таълимӣ шуд. Студияи мазкур дар пояи факултети журналистика бо дастгирии раёсати донишгоҳ ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.

Мавриди истифода қарор гирифтани озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ дар заминаи амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”-ро низ ректори донишгоҳ дастоварди муҳим арёзбӣ кард.

Эътирофи байналмилалӣ

Дар нимсолаи аввали соли равон 10 ихтисоси зарурии ДМТ, аз ҷумла ихтисосҳои кори табобатӣ, кори тиббию ташхисӣ, дорусозӣ, математика, физика, кимиё, биология, муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқшиносӣ ва молия ва қарз аз аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ гузаронида шуданд. Ҳар як ихтисос аз ҷониби Агентии байналмилалии аккредитатсионии Ҷумҳурии Қазоқистон (НААР) бо сертификати байналмилалӣ ба муҳлатҳои гуногун сарфароз гардонида шудаанд.

Ҳамчунин, дар шашмоҳаи  сипаригашта Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз аттестатсияи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият гузашта, соҳиби Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ гардид.

Яке аз дастовардҳои муҳими раёсати донишгоҳ дар соли ҷорӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми июни соли 2023, таҳти №289 тасдиқ шудани намунаи ягонаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ барои хатмкунандагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад, ки дар самти ба расмият даровардани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ иқдоми аввалин мебошад.

Аз забони рақамҳо

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дорои 14 факултет, 125 кафедра (118 кафедраи тахассусӣ ва 7 кафедраи умумидонишгоҳӣ), 20 бинои таълимӣ бо ғунҷоиши 18 ҳазор нафар донишҷӯй мебошад.

Дар донишгоҳ барои таъмини раванди таълим ва иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ 2412 компютер, аз ҷумла 1050-тояш пайваст ба шабакаи Интернет, 170 тахтаи электронӣ, 250 видеопроектор, 22 ноотбук, 725 принтер, 45 синфхонаи компютерӣ, 11 маркази интернетӣ бо китобхонаҳои электронӣ ва 5 синфхонаи лингафонӣ мавҷуд аст.

Теъдоди омӯзгорон — 1329 нафар

— омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидор 65,6%;

— 12 нафар академики АМИТ;

— 12 нафар узви вобастаи АМИТ;

— 201 нафар доктори илм, профессор;

— 672 нафар номзади илм, дотсентон;

Теъдоди донишҷӯён дар нимсолаи аввали соли 2023 — 22 317 нафар

— 16 898 нафар дар шуъбаи рўзона;

— 4842 нафар дар шакли таҳсилоти фосилавӣ;

— 580 нафар дар магистратура ва доктор ph.D. 

Шаҳрвандони хориҷӣ — 284 нафар

— 225 нафар донишҷўёни зинаи таҳсилоти мутахассис ва бакалавриат;

— 59 нафар дар зинаи таҳсилоти магистратура, докторантура, унвонҷўй.

Шӯрои диссертатсисонӣ

— 8 Шурои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия;

— 17 Шурои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон .

Варзиш

Дар 6 моҳи соли равон омӯзгорону донишҷӯёни ДМТ аз мусобиқаҳои варзишӣ 252 медал, аз ҷумла 65 тилло, 104 нуқра ва 83 биринҷӣ ба даст овардаанд.   

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *