Академик Саидмуҳаммад Одинаев, собиқ ректори ДМТ даргузашт

Физикдони машҳури тоҷик ва собиқ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Саидмуҳаммад Одинаев даргузашт.

Саидмуҳаммад Одинаев — физикдон, доктори илмҳои физикаю математика (1995), профессор (1996), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (2008), узви Академияи илмҳои Ню-Йорк (1994), академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (2004) 19-уми октябри соли 1942 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба дунё омадааст.

Саидмуҳаммад Одинаев Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро соли 1965 хатм карда, фаъолияти кориаш дар ҳамин донишгоҳ аз ассистенти кафедраи физикаи назарӣ оғоз шудааст.

Солҳои 1968-1988 — ходими калони илмии Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Солҳои 1988-1996 — дотсенти кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Солҳои 1996-1999 — профессори ҳамин кафедра.

Солҳои 1999-2001 — директори Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Солҳои 2001-2005 — ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ.

Солҳои 2005-2008 — ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Аз соли 2008 профессори кафедраи физикаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ. Ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Муаллифи зиёда аз 170 монографияҳо ва мақолаҳои илмӣ. Ӯ яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи назарияи статистикаи ҳолати моеъи моддаҳо буда, роҷеъ ба таҳқиқи сохтори микроскопии муҳити конденсӣ дар байни олимони соҳаи физика эътироф шудааст.

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо ордени «Шараф» (2004) сарафроз гардидааст.

Аҳли эҷоди сомонаи Pressa.tj аз даргузашти олими намоён, устод Саидмуҳаммад Одинаев андуҳгин буда, ба наздикону пайвандонашон изҳори ҳамдардӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *