Мирбақо Каримов, олими соҳаи кишварзӣ даргузашт
Яке аз олмони шинохта дар бахши кишоварзии Тоҷикистон Мирбақо Каримов аз олам даргузашт.
Дар ин бора Қурбоналӣ Партоев, сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмњои Тоҷикистон ба хабар дод.
Мирбақо Каримов зиёда аз 50 соли умри бобаракат ва фаъолияти пурмањсули илмиашро ба рушду нуми илми кишоварзӣ, алалхусус ба бахши яке аз соњањои муњими хољагии халқи кишварамон–картошкапарварӣ бахшидааст. Дар ин муддати меҳнати софдилонааш ба ӯ муяссар гашт, ки даҳо нафар шогирдонашро тарбия намуда, дар малака ва фаъолияти онҳо ҷўстуҷуҳои нави илмро ҷой намуд ва бо ин васила ба пешрафти илм ноил гаштанро омӯзондааст. Мирбақо Каримов то имрӯз бештар аз 200 номгӯйи китобҳо, тавсияномаҳо, мақолаҳои илмиро нашр намуда, пешкаши деҳқонону толибилмон намудааст. Махсусан, хизматҳои вай дар бахши селексия ва тухмипарварии картошка хело назаррасанд. Вай муаллифи ҳафт навъи нави картошка аз қабили «Зарина», «Овчӣ», «Каримӣ», «Нуриниссо», «Ғончӣ», «Шукрона» ва «Файзобод» мебошад, ки ин навъҳои нави картошка њоло дар ҳазорҳо гектар кишт гашта, дар рушди картошкапарварии кишварамон саҳми арзанда доранд. Дар ноњияи Ғончӣ рушду нумуи картошкапарварӣ ба кору фаъолиятҳои илмии Мирбақо Каримов сахт вобастагӣ дорад. Вай яке аз аввалин олимоне буд, ки тухмиҳои нави солими картошкаро ба ин ноҳияи дурдаст ҳанӯз дар солҳои 70-80–ум асри гузашта ворид сохта буд. Мирбақо Каримов дар ҳудуди деҳаҳои Овчӣ, Далён, Ўйгук, Калининободи ноњияи Ғончӣ, инчунин дар ноҳияҳои Шаристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Рашту Ҷиргатол, Мӯъминобод, Ховалинг бештар аз 100 навъу намудҳои гуногуни картошкаро санҷида, исбот сохтааст, ки тухмии картошкае, ки дар минтақаи кӯҳистон парвариш меёбад, болаззат буда, сифати хуби тухмиро дорост.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ