Роғунро ширкати Италия месозад

Ширкати лоиҳакашию сохтмонии итолиёвӣ- « Salini Impregilo»  дар тендери байналмиллалии лоиҳакашӣ, харидорӣ ва сохтмони НОБ-и Роғун ғолиб гардидааст, хабар медиҳад сомонаи АКҶ «НОБ-и Роғун».


  Дар асоси баъзе маълумотҳо созишнома бо ин ширкати лоиҳакашии итолёвӣ рӯзҳои наздик ба имзо хоҳад расид.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл хабар дода буданд, ки имсол барои аз нав барқарорсозии корҳо дар самти сохтмони Роғун ҷудо намудани 2 млрд сомонӣ аз буҷети давлат дар назар аст. Соли гузашта бошад, ҷудо намудани 1млрд-ю 650млн сомонӣ дар назар дошта шуда буд.

 Дар робита ба хабарҳои охир аз ҷониби кумитаҳои дахдор дар ин масъала маблағи зикргардида пурра барои барқарорсозӣ ва сохтмон масраф хоҳад гардид. Дар назар аст, ки то охири соли равон мушкилоти дарбандии Вахш пурра ҳали худро меёбад.

Мавриди зикр аст, ки , ки аз рӯзҳои авали шурӯъ гаридани кори сохтмони НОБ-и Роғун, яъне ибтидо аз соли 2007 то нимсолаи авали соли 2015  6млрд-у 435 млн сомонӣ сарф гардидааст.

Барои сохтмону барқарорсозии НОБ-и мазкур маблағ асосан аз ҳисоби бюҷети давлат ва спули саҳмияҳхаридаи мардум ҷудо карда мешавад.

 Дар такя ба иттилои Вазорати молия то имрӯз саҳмияҳои Роғун бо маблағи 859 млн сомонӣ аз ҷониби аҳолии кишвар харидорӣ шудааст. « То имрӯз аз ҳисоби ин маблағ, ки асосан дар бонкҳо ҷамоварӣ шуда буданд, 60 млн сомонӣ масраф гардида, маблағи боқимонда дар суратҳисоби Вазорати молия маҳфуз аст».

 Соли гузашта аснои мусоҳиба бо хабарнигорони дохилию хориҷӣ Вазири энергетика ва оби ҷумҳурӣ- Усмоналӣ Усмонзода хабар дода буд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар навбати аввал НОБ-и Роғунро дар се солаи наздик ба истифода доданӣ аст.

« Айни замон барои ба истифода додан иду агрегати НОБ масолеҳӣ зарурӣ мавҷуд аст. Қисме аз ин масолеҳ дар Тоҷикистон аз замони Шӯравӣ боқӣ мондааст, қисми дигар бошад, аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии Украина ба ҷумҳурӣ ворид гардидаанд»- гуфта буд ҷаноби Усмонов.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.