Мирмахсумиёнро бо иттиҳоми порагирӣ дастгир карданд

Агентии мубориза бо коррупсия рӯзи 26 июл раиси собиқи додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ Исмоил Муродбек Мирмахсумиёнро бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир кардааст. Мирмахсумиён рӯзи 17 июл бо фармони президент «бино бар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо” аз мақом барканор шуда буд.

Манобеи сомонаи «Ахбор” хабар доданд, ки раиси собиқи додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ИсмоилМуродбек Мирмахсумиён рӯзи 26 июл аз ҷониби маъмурони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дастгир шудааст.

Худи Агентӣ ин хабарро то ин соат шарҳ надодааст, вале манобеи «Ахбор” мегӯянд, ки Мирмахсумиён ба гирифтани пора ба маблағи 8000 доллар барои «ҳал” кардани масъалаи як парвандаи ҷиноятӣ гумонбар мешавад. Ба гуфтаи ин манобеъ, ба зидди раиси собиқи суди Рӯдакӣ бар асоси қисми чоруми моддаи 319-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (гирифтани пора ба миқдори қалон аз ҷониби шахси мансабдор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Бар асоси ин банди қонун, ба Исмоил Мирмахсумиён ҳамчун муҷозот аз 7 то 12 соли зиндон бо мусодираи молумулк ва маҳрумият аз ишғоли мансабҳои давлатӣ барои 5 соли дигар таҳдид мекунад.

Исмоил Мирмахсумиён рӯзи 17 июл бо фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз мақоми раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ барканор карда шуд. Дар фармони президент гуфта мешуд, ки»Мирмахсумиён Исмоил Муродбек бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо аз вазифаи раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ озод карда шавад.”

Бознашр аз сомонаи Ахбор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *