Президент ба роҳкушоӣ рафт

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 27 июл дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон дар расми шурӯи корҳои сохтмони ду роҳи мошингард иштирок кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, нахуст Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Сари Хосор бо лоиҳаҳои иншооти сохташаванда ва оғози сохтмони роҳи мошингарди “Балҷувон-Сари Хосор” шинос шудааст. Манбаъ мегӯяд, замони татбиқи лоиҳа иншоотҳои асосии техникӣ, аз ҷумла 34 километр роҳи паҳноиаш 8 метр, 87 иншоот, қубурҳои оҳанубетонии обгузари қутрашон аз 1 то 4 метра, 1 купрук бо дарозии 120 метр, корҳои соҳилмустаҳкмкунӣ ба масофаи 9,6 километр, сохтмони тумбадеворҳо ба масофаи 150 метри тулонӣ ба нақша гирифта шудааст. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар сохтмони роҳ бояд 53,1 миллион сомонӣ сарф гардад: “Қад-қади ин роҳ 11 деҳа, 860 хоҷагӣ ва зиёда аз 6 000 аҳолӣ зиндагӣ менамояд. Фармоишгари бунёди иншооти роҳ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро Мудирияти муассисаи давлатии корхонаҳои сохташудаистодаи Вазорати нақлиёт ва дигар ширкатҳои сохтмонии ватанӣ иҷро менамоянд”.

Президент ҳамчунин ба сохтмони роҳи автомобилгарди “Кангурт-Балҷувон-Ховалинг” санги асос гузошта, бо лоиҳаи он шинос гардидааст. Дарозии ин роҳ 43 километр буда, сохтмони он дар километри 22-юми роҳи автомобилгарди лоиҳавии “Восеъ- Ховалинг” оғоз меёбад. “Барои бунёди роҳи мазкур 11,8 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст ва дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои сарфагардидаи роҳи мошингарди “Восеъ-Ховалинг” ва маблағҳои грантӣ ин лоиҳа татбиқ мегардад”,-хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини Вазорати нақлиёт барои бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳо дастуру ҳидоятҳои мушаххас додааст: “Қайд шуд, ки дар доираи тибқи лоиҳа ҳамзамон 6 пули мошингузар бо дарозии 500 метр дар болои рудхонаҳои ин масир аз нав барқарор карда хоҳанд шуд. Ин купрукҳо дар натиҷаи рафтуомади автомобилҳои боркаш ба навсозӣ ниёз пайдо намудаанд, ки баробари амалигардии пурраи лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди “Кангурт-Балҷувон-Ховалинг” мушкили ронандагону мусофирон аз тариқи ин хатсайр рафъ мешавад. Бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳи автомобилгарди “Кангурт-Балҷувон-Ховалинг”, ки аз шафати дарёҳо мегузарад, роҳандозии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар масофаи 1 ҳазору 640 метр пешбинӣ гардидааст”.

Зимни муаррифии лоиҳа таъкид шудааст, ки муҳлати корҳои сохтмонӣ дар роҳи “Кангурт-Балҷувон-Ховалинг” 18 моҳро дар бар мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *