Миршоҳӣ барандаи дипломи тиллоии Куриёи Ҷанубӣ

Доктор Масъуди Миршоҳӣ, пизишки маъруф ва раиси Анҷумани Рӯдакӣ дар Париж, узви ҳайати мушовараи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи тандурустӣ ва навгониҳои илмӣ сазовори дипломи тиллоии Куриёи Ҷанубӣ гардидааст.

Ин ҷоизаро доктор Миршоҳӣ барои дастовардҳояш дар соҳаи ҳуҷайрадармонӣ ва саратншоносӣ ба даст овардааст. Ба иттилоъи     номбурда, ӯ тайи чанд соли охир ба омӯзиш ва табобати беморони гирифтори саратон дар Куриёи Ҷанубӣ машғул буда, илова бар ин таҷрибаҳои ҳуҷайрадармонӣ мегузаронад.

Қаблан доктор  Миршоҳӣ лабораторияи озмоишии ҳуҷайрадармонӣ – ҷадидтарин технологияи пизишкии ҷаҳонро дар Душанбе, дар назди Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи А. Сино роҳандозӣ карда буд, аммо бо сабабҳои номаълум фаъолияти он аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ боздошта шуд.

«Мо наздики 1 миллион доллар барои бунёди ин озмоишгоҳ масраф кардем, таҷҳизотҳои навтраини ҳуҷайрадармониро вориди Тоҷикистон намуда бори аввал дар қитъаи Осиё ҳуҷайрадармониро дар ин кишвар таҷриба намудем ва гумон доштем, ки ин озмоишгоҳ имконияти хубе хоҳад буд, барои шинохти тибби Тоҷикистон, аммо бо сабабҳои ба худи ман ҳатто номаълум фаъолияти озмоишгоҳ қатъ шуд. Дар ду сафари охир ба Тоҷикистон хостам аз он боздид намоям, аммо ба ман чунин имконият надоданд.» — гуфт, номбурда ба tajikistantimes.tj

Ҳамчунин ӯ афзуд:

— Инак, чунин озмоишгоҳро дар назди Донишгоҳи тиббии Сеул ҷорӣ кардем ва фаъолияти он ба хубӣ идома дорад.

میرشاهی برنده دیپلم طلایی کره جنوبی

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *