Мирзиёев беҳтарин сиёсатмадор унвон шуд

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев шахсияти сол дар Осиё дониста шуд. Ин унвонро Шурои журналистони Осиё ба Мирзиёев додааст, хабар медиҳад  The Korea Times.

Раиси кишвари  Узбекистон   барои хизматҳояш дар суботи минтақаи Осиёи Миёна ва ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои ҳамсояи худ,   аз рӯи номинатсияи “сиёсатмадори беҳтарин” ғолиб омад.

 “Аз замоне, ки  Шавкат Мирзиёев президент интихоб шуд, тағиротҳои зиёд  дар сиёсати дохилии Узбекистон ба вуқӯъ пайваст. Ҳамчунин рушди иқтисодӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар ин давлат бештар ба чашм мерасад” зикр намудааст, хабаргузории кореяи шимолӣ The Korea Times.

Маросими супоридани ҷоиза баҳори соли 2019 баргузор хоҳад гардид.

Дар байни шахсиятҳои шинохтаи сол ҳамчунин роҳбари “  LG Group” Ку Бон Му, кардиохирурги машҳури мисрӣ  Магди Хабиб Якоб ва мураббии дастаи мунтахаби Ветнам  Пак Хан Со дохил гардидааст.

Номи шахсони ғолибомада баъди овоздиҳи аз ҷониби комиссияи махсус эълон гардид.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *