Forbes: Тоҷикистон аз охирон 37-ум ҷойро гирифт

Forbes яке аз нашрияҳои машҳури байналмилалӣ, Тоҷикистонро дар радабандии худ аз нигоҳи шароити соҳибкорӣ миёни 161 давлати дунё, мақоми  124- ро додааст.

Мувофиқи гузориши  Forbes аз рӯи озодии тиҷорат Тоҷикистон дар мақоми 118, озодии монетарӣ – 131, навоварӣ – 116, технология – 108, ҳифзи сармоягузор – 37, фасод – 148, озодии шахсӣ – 142 ва аз рӯи  сарбории андоз дар мақоми 114-ум қарор гирифтааст.

Аз кишварҳои ИДМ Русия дар зинаи 55, Қазоқистон – 65, Озарбойҷон – 70, Украина – 77, Арманистон – 81, Молдова – 87, Белорус – 88, Узбакистон – 105 ва Қирғизистон дар мақоми 108 қарор гирифтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳои пешсаф – Британияи Кабир, Шветсия, Ҳонгконг, Нидерландия ва Зеландияи нав, Канада, Дания, Сингапур, Австралия, Швейтсария ва ба сегонаи охир Гвинея-Бисау,  Конго ва Ҷумҳурии Африқои марказӣ шомил шудаанд.

ИМА дар дар ҷои 17, Чин – 49 ва Туркия дар мақоми 57-ум ҷой гирифтаанд.

Дар мавриди Тоҷикистон, маҷаллаи Forbes аз куҳсор будани 97 дарсади қаламрави кишвар,  пойбандияш ба маблағи муҳоҷирон ва зарбаи ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисоди бе ин ҳам заифро зикр кардааст.

Дар гузориши маҷалла таъкид шудааст, ки Тоҷикистон қариб 70 дарсади маводи хӯроквориро аз хориҷ ворид мекунад ва қарзи давлатӣ ба 50 дарсади ММД наздик омадааст. Гузоришгарон изҳор доштаанд, ки қарзи давлатии Тоҷикистон метавонад боиси пайдо шудани мушкилоти нави молиявӣ гардад ва афзудааст, ки ҳудуди 50 дарсади қарзи хориҷии кишвар ба Чин рост меояд.

Манбаъ инчунин пойбандии иқтисоди кишварро ба маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ таъкид карда, изҳор доштааст, ки заиф шудани рушди иқтисодӣ дар Русия ва Чин ба Тоҷикистон низ зарар мерасонад. Аз ҷумла таъкид гардидааст, ки коҳиши воридоти асъор аз Русия боиси афзоиши шиддатнокӣ дар бозори молиявӣ шудаасту низоми бонкии кишвар феълан низ дучори мушкилот мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *