Мирзиёев боз “як дузди калон”-ро ба ҳабс гирифт
Рашид Қодиров, собиқ Прокурори генералии Узбекистон, рӯзи 22-юми феврал дар шаҳри Тошканд боздошт шудааст.
Як мақоми Прокуратураи генералӣ таъйид кард, ки Қодирови 64-сола «бозпурсӣ мешавад».
Бино ба иттилоъҳо, Рашид Қодиров феълан ба азхудкунии амволи давлатӣ ва пулшӯӣ муттаҳам аст.
Рашид Қодиров, ки 15 сол роҳбарии Прокуратураи генералиро бар уҳда дошт, моҳи апрели соли 2015 аз мансабаш барканор шуд.
Боздошти ӯ баъд аз як танқиди Шавкат Мирзиёев аз кори прокурорҳо сурат мегирад. Мирзиёев моҳи августи соли гузашта дар як ҷаласа танқиди сохторҳои интизомиву қудратии кишварашро аз Прокураткраи генералӣ, бахусус аз прокурорҳои даврони Ислом Каримов, шуруъ карда буд. Ӯ он вақт прокурорҳоро “дуздони аз ҳама калон” ном “Вақте ба мақоми додситонӣ мерасанд, ҳатто роҳгардияшон иваз мешавад ва дигар касеро ба назар намегиранд. Ҳамаи инҳоро хуб медонам”, — гуфта буд Мирзиёев. Президенти Узбекистон мақомоти додситонии давраи президенти пешини Узбекистон Ислом Каримовро «партов» номид ва гуфт, дар ҳар сурат маъмурони ин соҳаро то охирин нафар иваз хоҳад кард. Рашид Қодиров кадри Кумитаи амнияти миллии Узбекистон ба шумор меравад. Ӯ дар соли 1952 дар оилаи котиби якуми кумитаи ҳизбии Андиҷон ба дунё омада, баъд аз хатми бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тошканд дар соли 1980 муфаттиши Кумитаи амнияти миллии Узбекистон ё КГБ таъин шудааст.Баъд аз 12 соли кор дар инҷо ӯ ҷонишини раиси ин хадамот ва дар соли 1994 ноиби додситони кулл таъин шуд ва соли 2000 ба мақоми додситони кул расид.Соли 2015 бархе аз коршиносон дар Узбекистон барканории Рашид Қодировро ба ришвату фасод пайванд дода буданд. Онҳо гуфтанд,ки Прокурори генералии Узбекистон яке аз сарватмандтарин афроди ин кишвар ба шумор меравад ва бештари моликияти ӯ дар хориҷ аз Узбекистон аст.Соли 2014 мухолифони давлати Узбекистон аксҳои ду виллаеро дар Латвия нашр карда ва гуфтанд, ки ҳарду манзили гаронбаҳо ба Рашид Қодиров тааллуқ дорад. Дар ҳамин изҳорот низ гуфта мешуд, ки Қодиров дар Швейтсария, Австрия ва Чехия низ молу мулк дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ