Ҷомӣ ва Навоӣ 5 март ба Самарқанд бармегарданд

 

Муҷассамаи шоирони машҳури тоҷику ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоб дубора шаҳри Самарқандро зиннат хоҳад дод.

Қарор аст, ин ҳайкал алакай 5 март аз нав пардабардорӣ шавад Муҷассамаи ин ду устоду шогирд соли 1970 ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек дар майдони Регистон дар маркази Самарқанд гузошта шуд. Баъдан онро ба як гӯша кӯчонданд ва соли 2009 комилан бардоштанд.

Нашрияи «Самаркандский вестник” хабар дод, ки муҷассамаи ду шоир ва муфаккири бузурги тоҷику ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоб дубора шаҳри Самарқандро зиннат хоҳад дод. Бино ба ин манбаъ, ин дафъа ҳайкали Ҷомӣ ва Навоиро дар буриши кӯчаҳои Амир Темур ва Абдураҳмони Ҷомӣ дар боғи ба номи Навоӣ хоҳанд гузошт. Корҳои омодагӣ ба пардабардории дубораи муҷассамаи ин ду шоири бузурги тоҷику ӯзбек дар инҷо бо суръат идома дошта, маросими ифтитоҳи дуборааш ба рӯзи 5 март барномарезӣ шудааст.

Бобур Элмуродов, муовини ҳокими шаҳри Самарқанд ба «Самаркандский вестник” гуфтааст: «Дар нақша дорем, ки гузоштани ҳайкал ва корҳои ободонии марбут ба онро алакай то 5 марти соли ҷорӣ анҷом диҳем. Корҳои сохтмониро ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сармоя қурувчӣ сервис” иҷро карда истодааст.”

Ташаббускорони ин иқдоми нек гуфтаанд, ки муҷассамаи Ҷомӣ ва Навоӣ нафақат боғи истироҳативу фароғатии ба номи Алишер Навоиро зиннат хоҳад дод, балки як рамзи равобити садсолаҳо боз дӯстонаи ду халқи бародари тоҷику ӯзбек хоҳад шуд.

Муаллифи ин муҷассама, ки Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоиро дар ҳолати рост истоданашон тасвир мекунад ҳайкалтарошони машҳури тошкандӣ Ҳакимхоҷа Ҳусниддинхоҷаев (1928-1986) ва Владимир Лунёв (1936-1993) мебошанд.

Муҷассамаи ин ду шоиру мутафаккири бузурги тоҷику ӯзбек ҳамчун рамзи дӯстии абадии ин ду халқи ҳамсоя соли 1970 ибтидо дар майдони Регистон, майдони марказии шаҳри Самарқанд гузошта шуда буд. Баъдан ҳайкалро ба чорроҳаи воқеъ дар буриши кӯчаҳои Даҳбед ва Регистон кӯчонданд ва соли 2009 комилан бардоштанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *