Мирзиёев дарди дили мардумро гӯш мекунад

Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба комиссияи зери роҳбарии сарвазири ин кишвар дастур додааст, ки барномаи давлатии «гуфтугӯ бо мардум»-ро дар соли 2017 омода кунад. Комиссия бояд шакли иҷрои барномаи «Қабулгоҳҳои мардумӣ», ворид кардани низоми ҳисоботдиҳии ҳокимон ва додситонҳоро дар назди мардум, боло бурдани нафақа ва кам кардани мақомоти давлатиро муайян кунад.

Дар Узбакистон сохтани «Қабулгоҳҳои мардумӣ» дар назар аст, ки фаъолияташон тавассути «ҳукумати электронӣ» назорат мешавад. Ба ҷуз ин, дар он кишвар таҳкими нақши вакилони дифоъ ва густариши уҳдадориҳои вакилон дар бахши додгоҳиву ҳуқуқӣ дар назар аст.

Шумори муроҷиатҳои интернетӣ ба қабулгоҳи Шавкат Мирзиёев, ки 24 сентябр ба кор шуруъ кард, аз марзи 270 ҳазор убур кардааст. Мирзиёев акнун ба сохтани қабулгоҳҳои воқеӣ дар саросари кишвараш дастур додааст. Сарвазири нави Узбакистон Абдулло Орипов бояд давоми як моҳ чунин қабулгоҳҳоро ташкил ва механизми фаъолияти онҳоро ба роҳ монад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *