Конфронс оид ба мақоми ВАО баргузор шуд

  Бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии рӯзномаи «Тирози ҷаҳон»- нашрияи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, биснес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони «Мақоми васоити ахбори омма дар пешрафти ҷомеа» конфронси илмӣ доир гашт.

Конфронсро ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода оғоз бахшида, доир ба мавқеи ВАО дар рушди ҷомеа сухан кард.

Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода дар мавзӯи «Мақоми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон» маърӯза намуд. Аз ҷумла, Раиси шаҳри таъкид кард, ки конфренсияи имрӯза дар рӯзи таҷлили 24 солагии газетаи шаҳрии “Тирози ҷаҳон” баргузор мегардад ва дар давоми ин солҳо он ба нашрияи дӯстдоштаи сокинони шаҳр табдил ёфт.

Дар мавзӯи «Вижагиҳои ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ бо васоити ахбори омма» номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ Ҷумъа Ёқубов сухан карда, дар бораи назарияҳои матбуот, хуб ба роҳ мондани ҳамкории рӯзноманигорон бо мақомоти маҳаллӣ ва амсоли инҳо маълумот дод.

Ҷӯрабек Исоматдинов номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик зери унвони «Матбуоти чопии вилоят ва инъикоси воқеаҳои муҳими ҷомеа дар он» маърӯзаи илмӣ намуда, мақолаҳои рӯзномаҳои вилоятиро ба риштаи таҳлил кашид.

Сармуҳаррири рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» Фарзона Алиева аз таърихи таъсисёбии нашрия ва мавқеи он дар фазои иттилоотии шаҳри Хуҷанд ибрози назар кард.

Дар фарҷоми конфронс  раиси шаҳр Шариф Шарифзода ба собиқадорони рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» Мавлуда Шарифова, Мирзоғанӣ Валиев, Вера Абенова, Монаднисо Рустамова, мухбирони фаъол Абдуллоҷони Fанӣ, Анварҷон Fафур, Зебо Абдуллоева ва хонандаи фаъоли рӯзнома Каромат Юнусова Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро тақдим кард.

                                                                                                                                                               Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *