Мирзиёев: То маоши муаллимро ба 1 ҳазор доллар нарасонам, қарор намегирам

Шавкат Мирзиёев, ки боз номзадияшро ба мақоми раисҷумҳури Ӯзбекистон пешниҳод кардааст, ки дар суҳбат бо интихобкунандагон дар вилояти Фарғона аз маоши омӯзгор гуфт.

Ба иттилои расонаҳои Ӯзбекистон, Мирзиёев ваъда додаст, ки агар дигарбора раисҷумҳур интихоб шавад, дар бахши маориф барномаи алоҳидаеро қабул хоҳад кард, чун ин соҳа хеле муҳим мебошад.Ӯ афзуд, ки барои боло бардоштани эътибори муаллим дар ҷомеа ҳанӯз корҳои зиёдеро анҷом додан лозим аст.

«Ҳамаи шумо медонед, ки дар кӯдакӣ вақте муаллим дар кӯча қадам мезад, мо панҷ метр худро канор мегирифтему салом медодем. То маоши омӯзгоронро ба 100 доллар нарасонам, қарор намегирам», — изҳор доштааст Мирзиёев.

Ӯ инчунин аз вуҷуди фасод дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла тандурустӣ нигаронӣ намуда, изҳор доштааст, ки бо коррупсия бояд ҳама якҷоя мубориза баранд.Раисҷумҳури Ӯзбекистон қаблан низ дар бораи маоши омӯзгору табиб гуфта буд, ки бояд мизони он то ҳазор доллари амрикоӣ расонда шавад ва изҳори умед мекард, ки давлат аз уҳдаи анҷоми ин кор мебарояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *