Ронанда ними шаб дар Ваҳдат пиёдагардро кушт: шахсияти ӯ номаълум аст

Вазорати умури дохила мегӯяд, шахсияти пиёдагарди ҳалокшуда номаълум аст

Дар роҳи мошингарди шаҳри Ваҳдат пиёдагарди шахсияташ номаълум ҷон бохтааст.

Бар хабари дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, марҳум зери чархи мошин монда, дар ҷойи ҳодиса ҷон додаст.

Ҳодисаи нохуш шаби 29 сентябр, тахминан соати 00:05 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Ронандаи 41 — сола, сокини шаҳри Ваҳдат аснои ҳаракат кардан аз самти кӯчаи Гулхан ба сати кӯчаи А. Ҷомӣ аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромадааст.

Дар натиҷа ӯ пиёдагари тахминан 30-35 — соларо пахш намудааст.

Манбаъ меафзояд, пиёдагард аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан шахсияти марҳум дақиқ мешавад ва аз рӯи ҳодиса ба амаломада тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *