актёр

Мирзоумари Мирзоаҳмад: Дар умрам нақши бад наофаридаам!

Мегӯянд, ки ҳунар марзу музофот надорад. Ин ақида аз як ҷониб дуруст аст, вале аз ҷониби дигар баҳсбарангез. Зеро даҳҳо ҳунарманди асил дур аз марказ дар музофот кору фаъолият карда, аз назарҳо дур мемонанд ва нерӯи эҷодиашон ба таври бояду шояд истифода намешавад. Ба андешаи банда, яке аз чунин ҳунармандон актёри Театри давлатии мазҳакавӣ — мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ Мирзоумари Мирзоаҳмад аст, ки миёни мухлисон бо нақшҳои ҳаҷвиаш дар саҳнаҳои “Хандинкамон” шуҳрат пайдо кардааст.

Мирзоумари Мирзоаҳмад аз фидоиёни ҳунар аст. Беш аз 40 сол аст, ки дар Театри шаҳри Хуҷанд кору фаъолият мекунад ва ин даргоҳро муқаддас медонаду ба он арҷ мегузорад, зеро шуълаи ҳунар дар қалби ӯ маҳз дар ин макон фурӯзон шудааст.

“Модари ман муаллима буданд. Вақте дар синфи 5ум мехондам, он кас ҳамроҳи хонандагони синфҳои болоӣ маро ҳам ба театр оварданд. Ба Театри ба номи Пушкин, ки ҳоло номи Хоҷа Камолро дорад. Дар саҳна спектакли “Темурмалик” мерафт. Ман ба саҳна нигариста, гӯё муъҷизаро медидам. Мафтун шуда будам. Аз ҳамон рӯз назди худ мақсад гузоштам: актёр мешавам!”,- бо гузашти солҳо ба ёд меорад Мирзоумари Мирзоаҳмад.

Орзуи кӯдакии ӯро падару модар аввал ҷиддӣ қабул накарданд, ҳавову ҳавас мепиндоштанд. Вале вақте Мирзоумар мактаби миёнаро хатм карду “ба Институти санъат меравам” гуфт, волидайн парешон шуданд.  

“Писарам, дар Хуҷанди худамон чанд мактаби олӣ ҳаст. Ҳуҷҷатҳоятро ба риштаи омӯзгорӣ супор. Ҳамроҳ дар як мактаб кор мекунем…”,-насиҳат мекард модар. Падар низ монеи ба Душанбе рафтани ӯ буд.

“Мо дар оила ҳамагӣ ду фарзанд будем. Додарам аз ман 10 сол хурд буд. Бинобар ин, волидайн намехостанд, ки аз онҳо дур шавам”,-мегӯяд ҳунарманд.

Вале азми Мирзоумар қатъӣ буд. Ӯ ду пойро ба як мӯза андохта, дуои падару модарро гирифт ва ҷониби Душанбе шитофт. Ба Институти санъат омад, ҳуҷҷат супорид ва аз имтиҳонҳо бо сари баланд гузашта, донишҷӯ шуд. Аз соли 1978 то соли 1982 дар шуъбаи актёрии ин боргоҳи ҳунар таҳсил кард ва баъди хатм ба зодгоҳаш — шаҳри Хуҷанд рафта, дар театри азизаш — Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба фаъолият оғоз кард.

“Дар донишкада аз устодони бузурги ҳунар Ҳошим Гадоев, Марям Исоева, Тамара Абдушукурова, Шамсӣ Қиёмов ва дигарон нозукиҳои ҳунари актёриро омӯхтем. Ҳамкурсони ман ҳар яке ҳунарманди ҳирфаӣ шуданд ва қадри имконияташон барои санъати кишвар хизмат карданд. Имрӯз ситораҳои курси мо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбони Собир ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Абдулмуъмин Шарифӣ ҳастанд, ки бо онҳо ифтихор дорем. Бархе дар солҳои 90ум чун кишвар ноором шуд, тарки пешаи актёрӣ карданд”,- мегӯяд Мирзоумари Мирзоаҳмад.

Бале, дар солҳои душвор кам ҳунармандон ба маоши театр қаноат карда тавонистанд. Бисёриҳо тарки пеша карданд, вале Мирзоумари Мирзоаҳмад барин актёрони фидоӣ ба ҳунар ва ба саҳна содиқ монданд.

Тайи солҳои фаъолият дар саҳнаи Театри Хоҷа Камол Мирзоумари Мирзоаҳмад беш аз 50 нақшҳои хурду бузург офарид, ки Журден аз “Ашрофпарат”-и Ж. Б. Молйер, Домоди пир аз “Табиби паррон”-и ҳамин драматург, “Қорӣ почо” аз “Абдуи Хуҷандӣ” (варианти тоҷикишудаи  “Найрангҳои Скопен”-и Ж. Молйер аз ҷониби режиссёр Барзу Абдураззоқов), Профессор Шодизода аз “Шаҳраки мо”-и Т. Уайлдер, Афандӣ аз “Панҷ зани Афандӣ”-и Иброҳимбеков ва ғайра аз ҷумлаи нақшҳои барҷастаи офаридаи ин ҳунарманд дар саҳнаи театранд.

Мирзоумари Мирзоаҳмад аз ҳамкориҳояш бо режиссёрҳои маъруфи тоҷик Ислом Саломов, Сайрам Исоева, Барзу Абдураззоқов, Шавкат Халилов, Давлат Убайдуллоев, Фаррух Қосимов, Шамсӣ Қиёмов, Қурбон Бобоҷонов, Олимҷон Салимов ва дигарон бо ифтихор ҳарф мезанад.

“Кор бо режиссёри фаронсавӣ Кристав Петре барои ман таҷрибаи фаромӯшнашаванда аст. Ӯ дар ҳамкорӣ бо Барзу Абдураззоқов “Як бому ду ҷаҳон” ном асареро дар бораи Ҷалолиддини Балхӣ ба саҳна гузошт. Намоиш дар даруни об мегузашт. Мо ҳунармандон то зону дар даруни об аз оғоз то анҷоми намоиш нақш бозӣ мекардем. Дар зимистон кормандони саҳна дар бочкаҳои 200-килоӣ обро гарм карда, ба ҳавз мерехтанду мо нақшамонро мебозидем. Об дар ин намоиш нақши асосиро бозӣ мекард. Бояд мо эҳсосамонро ба востиаи об баён мекардем”,- мегӯяд ҳунарпеша.

Дар фаъолияти ҳунарии Мирзоумари Мирзоаҳмад як нуктаи ҷолиб ҳаст. Ӯ ҳеҷ гоҳ нақши манфӣ бозӣ накардааст.

“Ман аз даврони донишҷӯйӣ нақши мӯйсафедонро бозӣ мекардам. Баъдан режиссёрҳо ҳамеша ба ман нақшҳои мусбат ва ё ҳаҷвиро медонанд. Бинобар ин, нақши намоёни манфӣ бозӣ накардаам”,- мегӯяд ҳунарманд.

Бисёриҳо бар он ҳастанд, ки нақшҳои фоҷеавӣ ҳунарманди асилро сайқал медиҳанд, зеро иҷрои чунин нақшҳо душвор аст. Вале Мирзоумари Мирзоаҳмад бар он аст, ки нақши ҳаҷвиро низ бозидан аз ҳунарманд маҳорати баланди касбӣ талаб мекунад. Ӯ мегӯяд: “Ба андешаи ман, иҷрои нақши ҳаҷвӣ мушкил аст, зеро тамошобинро назар ба гирёндан хандонидан душвор аст”. Агар чуқуртар биандешем, ин ақида нодуруст нест…

Як бахши муҳими фаъолияти эҷодии Мирзоумари Мирзоаҳмад ба Театрстудияи “Хандинкамон” алоқманд аст. Маҳз тавассути иҷрои нақшҳо дар саҳнаҳои ин гуруҳи ҳаҷвӣ ҳунарманд дар саросари кишвар машҳур шуд.

“Вақте дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” саҳифа кушодам, дарк кардам, ки аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон маро мешиносанд, зеро нақшҳои маро дар “Хандинкамон” дидаанд. Ва дӯст ҳам медоранд. Ё вақте дар Хуҷанду Душанбе ба кӯча мебароям, мардум бо табассум ба наздам омада, раҳмат мегӯянд, ки ин хеле хушоянд аст”,- мегӯяд ҳунарманд.

Мирзоумари Мирзоаҳмад ҳамчун ҳунарманди нақшҳои ҳаҷвӣ ҳамеша аз вазъи ҳаҷв нигарон аст. Ӯ дар ин маврид чунин ақида дорад: “Мо актёрон ва режиссёрҳои хуб дорем. Фақат нависандаҳое лозим ҳастанд, ки барои саҳна асарҳои ҳаҷвӣ нависанд. Маҳз набудани асарҳои сазовор сабаб шудааст, ки сатҳи ҳаҷви мо поён фаромада, чизҳои кӯчагӣ ба саҳна роҳ меёбанд…”.

Дар оғози ин навишта аз он гуфтам, ки музофот монеи камоли ҳунарманд мешавад. Ин ҳарфи беҳуда нест. Зеро зарфияти Мирзоумари Мирзоаҳмад барин ҳунармандон ба таври бояду шояд истифода нашудааст. Ӯ дар кино тамоман кам нақш офаридааст. Фақат дар “Падари моҳтобӣ”-и Бахтиёр Худоназаров, “Дов”-и Муҳиддини Музаффар ва филмҳои ҳаҷвии “Таксӣ” ва “Наврӯз дар Наврӯз”-и “Хандинкамон” нақшҳои лаҳзавӣ офаридаасту халос.

“Рӯзи нахустнамоиши филми “Дов” дар шаҳри Хуҷанд банда ба ҳамкасбон ва рӯзноманигорон гуфтам: “Ба синни 60 даромада, бори аввал рӯйи қолини сурх қадам задам”. Воқеан, Мирзоумари Мирзоаҳмад то ба имрӯз сазовор қадрдонӣ ҳам нашудааст. Ҳанӯз ақаллан унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро нагирифтааст. Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва медали “Хизмати Шоиста”-ро подоши заҳмати беш аз 40-солааш медонад.

Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *