футбол

Резаахбор: Аз идомаи фаъолияти Соиров то роҳи нави Ёров

Ҳамлагари дастаи мунтахаби олимпӣ ва тими миллии Тоҷикистон Рустам Соиров фаъолияти худро дар тими «Локомотив»-и Тошканд, ки аз мавсими нав дар Про-Лигаи Ўзбекистон бозӣ мекунад, идома медиҳад. Рустам Соиров аз бошгоҳи «Левадия»-и Таллин ба дастаи «Локомотив» гузашт. Ў дар чемпионати Эстония ҳамагӣ панҷ бозӣ анҷом дод. Қаблан Соиров дар бошгоҳҳои «Локомотив-Помир» ва «Истиқлол»-и Душанбе ҳунарнамоӣ кардааст.

***

Бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ба Игор Черевченко шартнома пешниҳод кардааст. Шояд ояндаи наздик музокироти ҷонибҳо идома ёбад, зеро Черевченко барои сармуррабии яке аз дастаҳои футболи Осиёи Марказӣ шудан мухолиф нест. Ҳамзамон, ин мутахассиси тоҷикистонӣ пешниҳодҳои зиёде дарёфт кардааст. Маълум аст, ки Черевченко ин шартҳоро бо чанд дастаи дигар муҳокима мекунад, ки миёни онҳо дастаҳои ИДМ низ ҳастанд.

***

Формати эҳтимолии Ҷоми Ҷаҳонии соли 2026 маълум шуд. Дар ин бора La Gazzetta dello Sport хабар додааст. Дар Ҷоми Ҷаҳонии соли 2026 дар Амрико, Мексика ва Канада 48 мунтахаб ширкат мекунанд. Бозиҳо дар 16 шаҳр баргузор мешаванд. Мунтахабҳо ба 12 гуруҳ 4-дастаӣ ҷудо шуда, 2 дастаи беҳтарин аз ҳар гуруҳ ва 8 дастаи беҳтарин, ки дар гуруҳҳо ҷойҳои 3-юмро гирифтаанд, ба даври 1/16 финал роҳ меёбанд. Ҳамин тавр, агар дар Ҷоми Ҷаҳонии соли 2022 дар Қатар 64 бозӣ доир гардида бошад, дар Ҷоми Ҷаҳони соли 2026 104 бозӣ дар умум баргузор мегардад.

***

Бозигари дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ва бошгоҳи «Соро компания»-и шаҳри Душанбе Идрис Ёров ба ҳайати тими «Тюмен»-и Федератсияи Русия пайваст. Идрис давоми 6 моҳи оянда дар Суперлигаи Русия шарафи «Тюмен»-ро ҳимоя хоҳад кард. Идрис дар оғози мавсими нав ба Русия сафар мекунад. Ў фақат пас аз 24-уми январ, баъди кушода шудани равзанаи зимистонаи гузаришҳо дар Суперлигаи Русия метавонад дар ин даста ҳунарнамоӣ кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *