буҷет

Буҷет — 2023. Аз нақша то хароҷот. Кадом соҳа чӣ қадар аст?  

Вакилони парлумон лоиҳаи Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023»-ро қабул карданд.

Гуфта мешавад, ки Буҷети давлатии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат ба амалӣ намудани афзалияти стратегии муҳими давлатӣ, аз ҷумла раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини бехатарии давлат ва саноатикунонии босуръат равона гардидааст.

2023

Нақша: 37,1 млрд сомонӣ (аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад).

Нисбат ба соли 2022: 4,1 млрд сомонӣ ё 12,3 фоиз зиёд.

Хароҷот: Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 38,1 млрд сомонӣ бо афзоиши 4,5 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Фонди музди меҳнат: Пешбинӣ — 7963,5 млн сомонӣ.

Хароҷот ба соҳаҳо:

Хароҷот ба соҳаҳои иҷтимоӣ 16947,4 млн сомонӣ.

Нисбат ба соли 2022: 2231,2 млн сомонӣ ё 44,5 % зиёд.  

Маориф: 7210,4 млн сомонӣ.

Нисбат ба соли 2022: 906,3 млн сомонӣ ё ин ки 14,4 % зиёд.

Тандурустӣ:  3343,1 млн сомонӣ.

Нисбат ба соли 2022: 461,7 млн сомонӣ ё 16,0 % зиёд.

Суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:  4898,6 млн сомонӣ.

Нисбат ба соли 2022: 567,0 млн сомонӣ ё 13,1% зиёд.

Фарҳанг ва варзиш: 1494,3 млн сомонӣ.

Нисбат ба соли 2022: 295,2 млн сомонӣ ё ин ки 24,6 % зиёд.

Соҳаҳои иқтисодӣ: 12681,3 млн сомонӣ.

Касри буҷет: 1 млрд 30 млн сомонӣ.

Нисбат ба соли 2022: 406,8 млн сомонӣ зиёд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *