Мискинобод не, партовгоҳ!
Чаро танқидҳо пинаки масъулинро намепаронанд?
Солҳои охир симои ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод ба куллӣ тағйир ёфта, дар маркази деҳа даҳҳо мағозаву дӯкон ва марказҳои хизматрасонӣ қомат афрохтаанд, ки дар онҳо ғайр аз шири мурғу ҷони одам дигар ҳама чиз ёфт мешавад.
Ин албатта пешравист, аммо, камбудиҳое ҳастанд, ки чашми касро хира ва табъашро тира мекунанд.
Ин мушкил партов аст. Дар ҷамоат ба ифтихори 30-солагии Истиқлолият бо маблағи зиёда аз 50 ҳазор сомонӣ дарвозаи Заркамар сохта шуд, ки гирду атрофи он пробкаи мошинҳо, макони ахлотпораҳою партовҳо аст. Дар назди деҳа бозори “Истиқлол” ҷойгир аст. Рӯзҳои якшанбе бозор барпо мегардад, ки аз гӯшаю канори мамлакат тоҷирону соҳибкорон маҳсулоташонро оварда мефурӯшанд. Бояд зикр кард, ки соҳибони мағозаҳои хӯрока, дорунхонаҳо, ҳаммому ошхонаҳо ифлоисҳою партовҳояшонро дар кӯчаю роҳравҳо ва паси бозор оварда мепартоянд. Аз паси бозор дарёчаи Ашӯр мегузарад, ки аз он мардум истифода мебаранд.
Ман борҳо дар мавриди ифлосиҳои Мискинобод дар матбуот навиштаам, аммо пинаки масъулин намепарад. Ин навбат мехоҳам аз забони акс сухан гӯям.
Ҳокими САФАР,
ноҳияи Файзобод
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ