15 феврал 2,4 миллион нафар аз алоқаи мобилӣ маҳрум мешаванд?

Муҳлати сабти симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи нави пластикӣ санаи 15-уми феврал ба поён мерасад, аммо дар кишвар 2,4 миллион симкорти мобилӣ сабти ном нашудааст. Баъди як ҳафта чӣ хоҳад шуд? 2,4 миллион аз алоқаи мобилӣ маҳрум мешаванд ё мақомот муҳлати бақайдгириро тамдид мекунанд?

Амре, ки ҳамаро ба ташвиш гузошт

Моҳи феврали соли 2019 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳои мобилиро муваззаф намуд, ки то 15-уми августи соли 2019 симкортҳои мобилии шаҳрвандонро бо шиносномаи пластикӣ аз нав ба қайд гиранд. Ин тадбирро он замон ҳукумат бо мақсади амалисозии Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30-юми апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» арзёбӣ карда, азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсонеро, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 сабти ном шудаанд, бо шиносномаи намунаи соли 2014 ҳатмӣ донист.

Он замон ба мизҳои шиносномадиҳӣ наздик шудан имкон надошт, чунки ҳазорон нафар навбат мепоиданд, то шиносномаи худро иваз кунанд. Дар назди ширкатҳои мобилӣ бошад, ҷойи сӯзанзанӣ набуд, зеро он ҷо низ мардум дар навбати азнавбақайдгирӣ буданд. Дар ин навбатпоиҳо мардум байни ҳам пархош мекарданд. Хулоса, биёриҳо дар азоб буданд.

Ба ин мушкилӣ Президенти кишвар расидагӣ кард. Нимаи моҳи феврали соли 2020 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дар бораи дароз кардани муҳлати қайди дубораи симкортҳоро бо шиносномаи намунаи нави ID то 15-уми феврали соли 2022 ба имзо расонид. То ин дам 3,8 млн нафар корбарони алоқаи мобилӣ сабти дубора накарда буданд…

Тамдид номаълум аст

2 сол сипарӣ шуд. Инак, чанд рӯз баъд 15-уми феврали соли 2022 фаро мерасад. Вале то ба имрӯз низ беш аз 2,4 миллион истифодабарандагони ширкатҳои мобилӣ симкортҳои худро бо шиносномаи нав аз нав ба қайд нагирифтаанд.

Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳом Атоев мегӯяд, ки дар 11 моҳи соли 2021-ум 850 ҳазор симкорт бо шиносномаи пластикии намунаи соли 2014 номнавис шудаасту халос.

— Дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилии ҳудуди ҷумҳурӣ ҳар моҳ аз 70 то 80 ҳазор истифодабарандагон дар асоси шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон — намунаи соли 2014, яъне ID аз нав ба қайд гирифта мешаванд. Аз аввали сол то 30-юми ноябри соли 2021 ин рақам ба 850 ҳазор SIM-корт баробар шудааст,- мегӯяд номбурда.

Аз қайд нагузаштани 2,4 млн симкорт бо шиносномаи нав дар ҳолест, ки то анҷоми муҳлати қарори ҳукумат дар мавриди ба қайд гирифтани симкортҳо бо шиносномаи пластикии намунаи соли 2014 камтар аз як ҳафта — то 15-уми феврали соли 2022 вақт боқӣ мондааст. Агар муштариён саривақт дубора худро ба қайд нагузоранд, рақамҳои онҳо ғайрифаъол мешаванд.

Коршиносон ягона роҳи пешгирии қатъи алоқаи мобилиро барои чунин муштариён тамдиди муҳлати бақайдгирӣ медонанд.

Аввали моҳи феврали соли 2021 ВКД ва Хадамоти алоқа ба Дастгоҳи иҷроияи президент бо дархости бори дигар дароз кардани муҳлати сабти дубораи симкортҳо мактуб навиштанд. То ҳол маълум нест, ки ин муҳлат дароз карда мешавад ё не.

Вале аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва ширкатҳои мобилӣ дар суҳбат ба “Тоҷикистон” мегӯянд, ки ҳанӯз мушаххас нест, ки муҳлати сабти дубора тамдид мешавад ё не. Аз Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ҳам мегӯянд, ки масъалаи тамдид шудану нашудани замони сабти номи симкортҳо ба Хадамоти алоқа марбут аст.

О. СОҲИБЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *