Мижгон Соғар — Афғонистон
Ҳамсадои баҳор…!
Маро шабеҳи ҳавои баҳор расм бикун,
Шабеҳи доғи дили лолазор расм бикун.
Маро шабеҳи дилат софу сода бовар кун,
Ва ё шабеҳи бутони мазор расм бикун.
Канори кошии деворҳои равза шабе,
Шабеҳи шоири шабзиндадор расм бикун.
Нигоҳи тунди маро дар ҳузури чашмонат,
Шабеҳи аспи дар ҳоли фирор расм бикун.
Ба фикри бӯса набояд шудан ба ҳељ ваљҳ,
Гуноҳи ружалабамро анор расм бикун.
Маро бибахш, ки аз бӯса саркашӣ дорам,
Ба эҳтироми лабам ғунчасор расм бикун.
Ҳавои ошиқию рӯзҳои сахти маро,
Фақат шабеҳи худам хандадор расм бикун.
Шабе, ки аз ту шудам, эй паланги рӯъёӣ,
Маро чу оҳу вақти шикор расм бикун.
Ҳамеша ҳолати лабхандҳои акси маро,
Каме малеҳ, магар заҳри мор расм бикун.
Ҳавои омаданам ҳамсадои пои баҳор,
Ҳузури шоди маро марғзор расм бикун.
Ва атри мӯи маро як ҳамали шукуфаи тар,
Ба хештан чу расӣ шаҳсавор расм бикун.
Чу кӯҳи сабр, маро! То замони омаданат,
Ба рӯи шонаи ман обшор расм бикун.
Ва қиссае, ки туро моли ман намесозанд,
Ба чанги қавидиле беқарор расм бикун.
Ва изтироби маро дар даруни наққошӣ,
Канори Ғазна дуто Қандаҳор расм бикун.
Ва тарҳи дилхушиҳои маро дубора бирез,
Шабеҳи Кобули чанд соли пор расм бикун.
***
Мазори умед
Манам, ки боз аз оғози қисса дилсардам,
Ман интиҳои ғамам, ман зани пур аз дардам.
Ман аз диёри расулони љабр меоям,
Нигоҳ кун ба ману сарнавишти номардам.
Нагу гуноҳи ман ин аст, агар шудам модар,
Ба дасти хеш ҳазорон Язид парвардам.
Зи шираи баданам Рустами замона шудӣ,
Магар сазои ман ин аст, ки мекунӣ тардам.
Ба љурми ишқ сарамро ба бод хоҳам дод,
Гумон мадор, ки аз роҳи меҳр баргардам.
Дилам мазори ҳазорон чароғи уммед аст,
Вале чи суд, надонистаӣ, ки пурдардам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ