Акнун суғдиҳо бо рақам гӯронида мешаванд

Шӯъбаи дафн дар шаҳри Хуҷанд амр додааст, ки дар қабристонҳои маркази вилояти Суғд ба ҷои сангу сағонаи болои мазор рақам гузоранд.

Мақомот гуфтанд, ки ин амр барои ҷилавгирӣ аз зуд фурӯ рафтани гӯрҳо ва ба ҳошия рондани сабқати эълоннашудаи мазори дорову камбағал содир шудааст. Абдушукур Ашӯров – сардори шӯъбаи дафн дар Хуҷанд гуфтааст,ки  «нишонаи фулузӣ, ки ба он рақам навишта шудааст, нишонаи асосии қабр мешавад. Ин рақам ба соҳибонаш маълум мекунад, ки дар он кӣ ва кай дафн карда шудааст.»

Ӯ гуфт, солҳои охир баъзе аз сокинон барои ёфтани қабри пайвандони худ ба онҳо муроҷиат мекунанд. “Зеро дар пайи аз боришоти зиёд ва ковок шудани замин қабрҳое, ки болояшон сангҳои ёдгории вазнин ва сағона бардоштаанд, фурӯ рехтаанд. Он вақт маълум намудани майити дохили чунин гӯрҳо хеле душвор аст”, — шарҳ додааст Абдушукур Ашӯров. Дар Хуҷанд 13 қабристони мусулмонҳо ва се қабристони насрониён мавҷуд аст. Дар бештари онҳо ҷой барои гӯрондани майити нав тақрибан намондааст ва мушкили бунёди қабристонҳои нав натанҳо дар маркази вилояти Суғд, балки дар ҳамаи гӯшаҳои Тоҷикистони камзамин сол то сол доғтар мегардад. Ҳоло масъулони шуъбаи дафн ба ҳар қабристони Хуҷанд 100-донаӣ нишонаҳои рақамдори фулузиро тақсим кардаанд. Ин нишона 15 сомонӣ қимат дорад ва мақомот мегӯянд, ки хароҷоти соҳибони мурда низ дар муқоиса ба гузоштани санги ёдгорӣ ё бунёди сағона ба маротиб камтар шуда, сабқати қабри бою камбағал низ аз байн хоҳад рафт. Эргаш, яке аз нигоҳбонони қабристони Қалъаи Нав дар шаҳри Хуҷанд, гуфт, дар дафтари гӯристон низ ному насаб, солу моҳ, рӯзи вафот ва рақами телефони соҳиби майит сабт хоҳад шуд. “Хубии ин тарзи сабт он аст, ки маълумот дар китоби махсуси шуъбаи дафн ва китоби мо навишта мешавад ва баъди солҳо соҳибонаш онро ба осонӣ пайдо карда метавонанд”, — гуфт ӯ.Нигаҳбонҳои қабристони “Болтухон”, инчунин, гуфтаанд, ба сабаби ковок шудани замин ва вазнинии сағонаву лавҳаҳои ёдгорӣ гӯрҳо зуд валангор мешаванд, ки боис ба ташвиш аст. Вале бархе аз сокинон дар ҷавоби ин иқдоми мақомот гуфтанд, зери ин сағонаҳо якчанд насли онҳо хуфта ва намехоҳанд, ки бо пазируфтани иқдоми нав аз гӯрҳои авлодӣ маҳрум шаванд.Рӯҳониён дар вилояти Суғд мегӯянд,ки  сокинон барои ҳифозати қабрҳо, ки дар канори маконҳои зисти одамон ва гузари ҳайвоноти ваҳшӣ ҷойгир буданд, болои гӯр сағонаҳо месохтанд. Ба ақидаи онҳо, ҳоло ки ин зарурат аз байн рафтааст, беҳтар аст, мурдагон тибқи фармудаи мусалмонӣ, яъне дар гӯрҳои яксон ва бе сангу сағона дафн шаванд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *