Беш аз 20 чорабинӣ бахшида ба анҷоми моҳи Рамазон дар Суғд

Дар вилояти Суғд бахшида ба анҷоми моҳи мубораки Рамазон беш аз 20 чорабинӣ баргузор мешавад.

Мақомоти вилояти Суғд аз таҷлили иди саиди Фитр дар 22 муассисаи иҷтимоии вилояти Суғд хабар доданд. Барномаҳо ҳама ба итмомрасии моҳи шарифи Рамазон рост меоянд.
— Сароғоз аз 29-уми апрел дар 22 муассисаи иҷтимоии вилояти Суғд чорабиниҳои идона баргузор мешаванд,- хабар медиҳад ҳукумати вилояти Суғд. Ба иттилои манбаъ, барномаҳои идона дар хонаҳои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаб-интернатҳо, мактабҳои кӯдакони ятиму маъюбон ва ҳамчунин дар ятимхонаҳои вилояти Суғд баргузор мешаванд.
Маълум аст, ки бо ибтикори мақомоти вилоят барои дастгирии қишри камбизоати ҷомеа чорабиниҳои идона ташкил карда мешаванд. «Дар ин рӯз дар тамоми муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Ашт, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Шаҳристон барномаҳои идона ташкил карда мешаванд»,- гуфтанд дар вилояти Суғд.
Дар доираи чорабинӣ мақомот аз беш аз ду ҳазор нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоии таҳти ғамхории доимии давлати Тоҷикистон дидан мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Иди Фитр идест, ки ба поёни моҳи шарифи Рамазон рост меояд. Он се рӯз давом мекунад ва аз ҷониби мусулмонони тамоми ҷаҳон, аз ҷумла мардуми тоҷик ҳамчун яке аз рукнҳои панҷгонаи ислом бо шодии зиёд ҷашн гирифта мешавад. Ид аз рӯи тақвими ҳиҷрӣ ба рӯзи аввали моҳи шаввол рост меояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *