«Истиқлол» дар мусобиқаи бонуфузи Осиё ноком шуд

Клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар марҳилаи гуруҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2022 ширкат дорад, бохти панҷумро таҳаммул кард ва ин навбат бо натиҷаи 0:1 аз дастаи қатарии «Ал- Райён» шикаст хўрд.

«Истиқлол» бозии панҷумро дар Лигаи чемпионҳои Осиё-2022 бо дастаи «Ал-Райён», ки дар даври якум бо натиҷаи 2:3 ноком шуда буд, низ бохт. Дастаи Виталий Левченко дар бозӣ бо «Ал-Райён»-и Қатар дар лаҳзаҳои охири рақобат имкони касби ҳадди ақал як имтиёзро аз даст дод. Ин бозӣ бо натиҷаи 0:1 бар нафъи қатариҳо анҷом ёфт.

Дар бозии дигари ин давр дар ин гуруҳ «Шарҷа» бо «Ал Ҳилол» мусовӣ кард. Ба ду голи дар аввали бозӣ задаи «Шарҷа» бозигарони «Ал Ҳилол» дар охири вохўрӣ ҷавоб гардонданд. Ҳоло «Ал Ҳилол» дар садри ҷадвал қарор дорад ва «Истиқлол» бидуни имтиёз дар ҷойи охир аст.

Дар бозии ниҳоии марҳилаи гуруҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2022 дар чаҳоргонаи «А» «Истиқлол» бо клуби «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб вомехўрад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *