Моҳипарварон куҷо шуданд?

Бо вуҷуди он ки истеҳсоли моҳӣ солҳои охир дар кишвар зиёд шудааст, вале барои таъмини аҳолии кишвар ҳанӯз ҳам кифоя нест.

Миралӣ Наимов, сардори КВД “Моҳии Тоҷикистон” мегӯяд, ки ҳоло дар кишвар 372 хоҷагии хурду бузург ба парвариш ва истеҳсоли моҳӣ машғуланд. Ба гуфтаи вай, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли моҳӣ аз 2749,7 тоннаи соли 2019, соли сипаришуда ба беш аз 4389 тонна расид.

“Дар се моҳи аввали соли равон қариб 600 тонна моҳӣ истеҳсол шуд. Ҳарчанд нишондиҳандаҳо дар қиёс ба солҳои қаблӣ бештар бошанд ҳам, вале барои таъмини аҳолии кишвар кифоя нестанд”,- мегӯяд Наимов.

Ҳамзамон, вай илова кард, ки албатта, барои татбиқи рушди бахши истеҳсоли моҳӣ дар ҷумҳурӣ корҳои мушаххас ва назаррас анҷом ёфтаанд, вале инро наметавон сад дарсад қаноатбахш арзёбӣ кард.

“Муносибат ба рушди соҳа бояд аз назари таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти баландсифати моҳӣ бошад ва ченаки фаъолияти мутахассисони соҳа низ ба талаботи рӯз мутобиқат намояд. Яъне, мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки ҳанӯз ҳам дар ин самт мушкилиҳо зиёд буда, ба татбиқи барнома ва рушди соҳа монеъ мегарданд”,- гуфт Миралӣ Наимов.

Вай гуфт, ки ҳар сол факултаи зооинженерӣ, ихтисоси моҳипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро 15 — 25 донишҷӯ хатм кунанд ҳам, аз рӯи ихтисоси худ кор намекунанд.

“Дар 372 хоҷагии моҳипарварӣ ҳадди ақал 410 мутахассиси моҳишинос–ихтиолог намерасад”,- гуфт ӯ.

Каримова МЕҲРУБОН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *