Моҳлиқо Шарифова: Амрико хуб аст, вале ҳеҷ чиз Ватанро иваз намекунад!

Моҳлиқо Шарифоваро аксари мардуми кишвар мешиносанд, зеро ӯ солиёни зиёд яке аз чеҳраҳои шинохтаи телевизион буд ва барномаву ток-шоуҳои ҷолибу тамошобобро таҳия мекард. Моҳлиқо фаъолияти худро аз телевизиони Кӯлоб оғоз намуда, пас аз хатми бахши рӯзноманигории Донишгоҳи Кӯлоб ба пойтахт омада, аз соли 2006 то 2013 корро дар Телевизиони “Сафина” идома дод. Баъдан,  дар Телевизиони “Варзиш” ба ҳайси сармуҳаррири барномаҳои иттилоотӣ фаъолият кардааст.

Моҳлиқо, дуруд ба шумо. Аз дидоратон шодам. Чанде пеш аз сафари Амрико баргаштед. Ҳадафи сафаратон ба ин кишвар чӣ буд?

— Дуруд бар шумо ва кулли хонандагони ҳафтаномаи “Оила”. Бале, ман як сол дар Амрико будам. Дар доираи як барнома ҳамчун сафири сулҳ аз ҷониби Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии Силсилаи сулҳи ҷавонон, ки дар шаҳри Ню Йорк баргузор гардид, ширкат доштам. Дар он Саммит зиёда аз 180 ҷавони фаъол аз тамоми гӯшаи дунё қарор доштанд. Банда ҳам дар он иштирок ва суханронӣ намудам. Ба ман Сертификат ва Нишони Сафири Сулҳ супориданд. Фурсатро аз даст надода, ба курси менеҷмент дохил шудам ва онро хатм кардам. Ҳамчунин, имкон пайдо намуда штатҳои Амрикоро низ тамошо кардам.

-Воқеан, дар ҳама давру замон мусофирату тамошои ҷаҳон дар ташаккули шахсият нақши муассир дорад. Махсусан, дар замони мо ин амри имконпазир ва ҳам зарурати гуворо мебошад. Сафар ба Амрико ба шумо чӣ дод?

— Бале! Воқеан, ҳоло замоне аст, ки ҳудудҳо ҳар қадар ба қонуният маҳдуд гарданд ҳам, имкотони бештаре барои сафар пайдо мегардад. Махсусан, барои нафари эҷодкор сафар ба кишварҳои дигар муҳим аст, зеро он имкониятҳои зеҳниро фаррох мегардонад.

Воқеан, Амрико давлати бузургест. Озодии фитрии инсон ба андозаи зарурӣ дар он риоя карда мешавад. Ба инсон озодии куллӣ додаанд. Тафовут аз кишварҳои мо, дар фарҳанг ва тарзи ҳаёт дида мешавад. Барои мисол дар ҷомеаи суннатии мо, духтаронро ба “қонунҳои нонавишта” маҳдуд мекунанд, яъне чунон тарбия медиҳанд, ки духтар бояд шармгин бошад, паст ҳарф занад, баланду ноҷо нахандад, пӯшиши мутавозеъ дошта бошад. Дар бисёр маврид дар ҷомеаҳои суннатӣ ҳуқуқҳои фитрии зан ҳимоя намешавад. Ҳолатҳое ҳаст, занон аз хушуннат худро ҳифз карда наметавонанд. Ин гуна ҳолатҳо дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ мушоҳида мешавад. Дар Амрико ин чиз куллан дида намешавад. Дар ин масъалаҳо қонун ҷониби бонувон аст. 

Нуктаи дигаре, ки қобили қайд аст, муносибат ба сару либос ва намуди зоҳирии шахс аст, ки касе ба касе кор надорад. Дар ин масъала табъиз (дискриминатсия) умуман вуҷуд надорад.  Дар муқоиса, дар ҷомеаи мо муносибат ва эҳтиром нисбати шахси либоси фохир дошта ва шахси либоси оддӣ ба бар карда фарқ дорад…

Дигар тафовуте, ки байни ҷомеаи мову амрикоӣ ҳаст, ин шикоят накардан мебошад. Аслан, амрикоиҳо аз нафарони шиквагар дурӣ меҷӯянд, зеро онҳо аз хурдӣ ба меҳнату омӯзиш ва худмухтор будан тарбия меёбанд. Меҳнат кардан яке аз мақсадҳои аввалиндараҷа ва сифати зарурии онҳо маҳсуб меёбад. Ба андешаи онҳо муносибату шиносоӣ бо шахси шиквагару аз ҳаёт норозӣ таъсири манфӣ мерасонад. Онҳо аз атрофи худ одамони танбал, номуваффақ, шиквагар, ноуҳдабаро ва гиламандро дур мекунанд. Умуман, дар кадом самт ё соҳае набошад, онҳо кӯшиш мекунанд ном дошта бошанд, муваффақ гарданд. Ин яке аз сабабҳои рушди Амрико аст.

Тавре огаҳӣ дорам, шумо кӯшиш кардед ба Академияи телевизиони Амрико дохил шавед. Дар ин кор муваффақ гаштед?

—  Мутаасифона, барои дохил шудан ба Академияи телевизиони Амрико имкон наёфтам, зеро маблағи калонро талаб мекард. Кӯшиш кардам бо бурс дохил шавам, ки ин ҳам ба ман даст надод.  Вале курси академияи мазкурро дар соҳаи телевизион гузаштам, ки ин ҳам барои фаъолияти кориву эҷодиам як дастовард аст.

амватанонамонро дар Амрико во хӯрдед?

—  Бале, ҳамвататнони мо онҷо зиёданд. Хусусан бо рӯзноманигорони тоҷик вохӯриҳо доштем. Бояд гӯям, ки онҳо дар самти худ дар Амирко муваффақ ҳастанд, ширкатҳо кушодаанд, кору фаъолияти густарда барпо кардаанд. Аммо ҳамеша муштоқи ватан ҳастанд. Ҳамеша дилашон барои ватану кишварамон гум мезанад! Албатта, ҳамаи мо медонем, ки сабаби муҳоҷир шудани ҳамватанони мо ҷанбаи иқтисодӣ дорад, вагарна, ягон инсон, хусусан мо-тоҷикон намехоҳем аз ватани маҳбубамон дур шавем. Ягон пешравиву муваффақияту ободии диёри дур ба обу хоку нони тоҷикӣ ва Тоҷикистон намебарояд! Вагарна ягон кас намехоҳад дур аз пайвандону хешу табору ёру дӯстон бошад!

Ба нафароне, ки кӯшиши ба хориҷа рафтан доранд, чӣ тавсия медиҳед?

— Қаблан аксар тариқи Мексика ба Амрико мерафанд. Чун якчанд иолоти Амрико бо ин давлат ҳамсарҳад аст, гурезаҳо имкон доштанд, тавассути гузаргоҳҳо вориди Амрико шаванд. Манзури онҳо гурезаҳо аз Украина ва Федератсияи Россия буд. Вале шаҳрвандони дигар давлатҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Миёна низ аз он истифода бурданд. Ин барнома CBP One буд, ки чанде пеш президенти Амрико Байден онро баст.

Ҳоло ягона роҳи хубу имконпазир ин тавассути барномаҳои таълимӣ, ки шумораашон хеле зиёд аст, ва системаи курсҳои омӯзишии амрикоӣ, ки дар ҷаҳон маъмул мебошад, шахси хоҳишманд метавонад, бо ин кишвар сафар намеояд. Бояд гуфт, гирифтани раводиди сайёҳӣ дар Амрико соддаву осонтарин ба шумор меравад. Танҳо як нозукӣ дорад, ки он бовар кунонда тавонистани сафир ё корманди сафорат аст, собит кардан мебояд, ки сайёҳ имконияти молиявии хубро соҳиб аст ва имкони будубош ва баргаштанро дорад. Зеро чӣ донишҷӯ ва чӣ сайёҳ ҳуқуқи фаъолияти меҳнатиро дар Амрико надорад.

Боз чандин барномаҳое ҳаст, ки барои нафарони соҳибистеъдод, нафарони соҳибкасб ва касбияти баланддошта, ки ба иқтисодиёти Амрико муфиданд, гирифтани раводидро осону сабук гардондааст.

Шумо сараввал дар телевизион фаъолият доштед, ва солиёни зиёд барномаҳои мухталифро таҳия мекардед. Тафовути телевизиони имрӯзаро аз солҳои пеш дар чӣ мебинед ва бо фаъол гаштани фазои маҷозӣ – интернет ва шабакаҳои интернетӣ мавқеи телевизионро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Бо фаъол шудани шабакаҳои иҷтимоӣ завқу талаботи бинанда ҳам иваз шудааст. Телевизион ғайр аз он, ки мавҷи худро паҳн мекунад, бояд дар фазои интернетӣ фаъол бошад, 24 соат амал кунад, дар алоқаи мустақим бо тамомшобинон бошад. Ҳоло суръати зиндагӣ ва талаботи кор водор кардааст, ки телефони мобилӣ ҷойгузини телевизори хона шавад. Барои фаъол мондани телевизион ва барномаҳои он бояд дар паймонаҳои интернетӣ пешсафӣ намоянд. 

Ташаккур, барои сӯҳбат, ба шумо барор мехоҳам!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *