Кирилл Шучеров

Моҷарои “Айфон”. Оё пранкери русро ҷавонони тоҷик латукӯб карданд?

Шучер ном пранкер ва блогери рус аз вилояти Смоленски, ки аслан Кирилл Шучеров ном дорад, рӯзи 12-уми феврали соли 2023 дар як автобус дар шаҳри Санкт-Петербург мавриди ҳамла қарор гирифта, ҷароҳат бардоштааст.

Шучер мегӯяд, ки ҳамлагарон ҷанубӣ буда, ба сару рӯяш бо мушту шаппотӣ зада, ҳамчунин аз электрошокер истифода бурдаанд. Ӯ хабар дод, ки раҳгузарон ҳамлагаронро дастгир карда, то омадани пулис нигоҳ доштаанд. Ин пранкер ва блогери рус, ки баъди ба 75 ҳазор нафар расидани шумораи обуначиёнаш аз Смоленск ба Петербург кӯчид, ҳамла ва латукӯбашро ба видеои ахири худ рабт медиҳад, ки дар он як қуттии телефони “Айфон” дар дасташ ба як духтари тоҷик дар кӯча пешниҳод карда буд, ки дар ивази ин телефон бо ӯ алоқаи ҷинсӣ кунад.

Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, ки бо мавқеи ошкори зидди муҳоҷирон ва миллатгароёнааш маъруф аст ва тафтиши қариб ҳамаи ҳодисаҳои ҷиноии марбут ба муҳоҷиронро таҳти назорати худ мегирад, талабгори кушодани парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба ҳамлаи муҳоҷирон ба блогер Кирилл Шучер шудааст.

Ахиран дар Интернет видеое нашр шуд, ки Шучер дар кӯча ба назди як духтар аз Тоҷикистон омада, ба ӯ пешниҳод мекунад, то дар ивази телефони “Айфон” бо ӯ ҳамхоба шавад. Духтарак намефаҳмад, ки ин блогер аз ӯ чӣ мехоҳад? Ӯ иқрор мекунад, ки русиро хуб намефаҳмад. Шучер ҳамчунон талош мекунад, то ба ин духтар манзурашро бифаҳмонад, ки дар ивази телефон аз вай чӣ мехоҳад? Вале духтар пешниҳоди ӯро рад мекунад. Шучер баъди ин ба духтар пешниҳод мекунад, ки ӯро бибӯсад ва духтар бо хоҳиши пранкер аввал аз як бари рӯи ӯ ва сипас аз лабонаш бӯса мекунад. Шучер иддао дорад, ки баъди ин видео нафарони зиёде аз зодагони Тоҷикистон ба ӯ таҳдид карда, талаб кардаанд, ки видеои ҷанҷолиро аз Интернет пок карда, дигар ба духтарони тоҷик кордор нашавад. Вале Шучер талаби пок кардани видеоро рад карда, гуфт, ки ӯ касеро ба ягон кор маҷбур накардааст ва он духтар бо хоҳиши худаш вайро бӯсид.

Ҳоло ба нафароне, ки барои ҳамла ба ин блогер ва пранкер дастгир шудаанд, ҳукми зиндони воқеӣ таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *