Моҷарои Мадуро идома дорад

Ҳафт кишвари Иттиҳодияи Аврупо барои эътирофи Хуан Гуайдо, ба ҳайси раиси ҷумҳури Венесуэла омода мешаванд, чун ултиматуми  онҳо ба Николас Мадуро рӯзи 3-уми феврал ба поён мерасад.

Олмону Фаронса, Бритониё, Испониё, Португалия, Ҳолланд ва Белгия аз Николас Мадуро хоста буданд, дар зарфи як ҳафта ва то 3-уми феврал интихоботи нав эълон кунад. Аммо ӯ тақозоро “таҳқир” номида рад кард.Николас Мадуро рӯзи 2-уми феврал дар як раҳпаймоии тарафдоронаш дар пойтахт шаҳри Каракас гуфт, ки “Президенти ҳақиқии Венесуэла ман ҳастам”.Амрикову Канада ва дигар кишварҳои бонуфузи амрикоӣ ба мисли Бразилия Аргентина ва Колумбия тарафдори Хуан Гуайдо, раиси 35-солаи порлумони Венесуэла ва пешвои мухолифон ҳастанд, ки ӯ рӯзи 23-уми январ худро президенти  муваққат эълон кард.Аммо Русияву Чин аз Николас Мадуро ҳимоят мекунанд. Дар тазоҳуроти тарафдорону мухолифони Николас Мадуро дар як ҳафтаи гузашта 35 нафар кушта шудаанд.Мадуро, ки соли 2013 баъди даргузашти Ҳюго Чавез ба қудрат расид, ба иқтисоди фалаҷи Венесуэла ва нақзи ҳуқуқи инсон муттаҳам мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *