Моҷарои парвозҳо, бафоидаи кию ба зарари кист?

Мутахассисони тоҷик мегӯянд, манъи парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ба Русия ва фишор барои роҳ додани ширкатҳои дигар, талоше барои “буридани болҳои Тоҷикистон” ва ё тобеи худ кардани ширкатҳои тоҷикистонӣ аст.

Як гузориши телевизиони давлатии Русия дар бораи моҷаро айни унвонро доштааст, ки “Болҳои Тоҷикистонро буриданд”.Айни замон 65 дар сади бозори ҳамлу нақли ҳавоии Тоҷикистон дар дасти ширкатҳои русӣ аст ва фақат дар сурати роҳ додани ширкати “Ямал”, саҳми русҳо ба 76 дар сад мерасад ва чизе барои ширкатҳои дохилӣ намемонад. Иброҳим Ҷобиров, собиқ роҳбари раёсати авиатсияи гараждании вазорати нақлиёт гуфт, ки нархи билетҳои ширкати “Уралские авиалинии” бисёр арзон ва “нархи демпингӣ” ё аз арзиши воқеиаш арзонтар аст. ” «Вақте ду ширкати Русия аз фурудгоҳи Жуковский парвоз анҷом медиҳанду ширкатҳои мо не, онҳо нархи билетро таъйин мекунанд. Нархи онҳо аз нархи чиптаҳои ширкати “Тоҷик эйр” ва “Сомон эйр”, ки ба фурудгоҳи Додмодедово парвоз мекунанд, арзонтар мешавад, ҳама муштариён онҳоро интихоб мекунанд, чунки нарх арзон аст. Дар ин сурат парвози ширкатҳои мо фоидаовар намешавад”. – мегӯяд, Иброҳим Ҷобиров.Ҷониби дигар, яъне Русия чӣ мегӯяд? Ба гуфти вазорати нақлиёти ин кишвар он моҷарое,ки ҳоло дар фазои Тоҷикистону Русия идома дорад, бо айби ҷониби Тоҷикистон ба миён омадааст. Тавре, ки “Лентаю Ру” аз забони ин вазорат менависад, Русия барои анҷом додани парвозҳои байни Хуҷанду Душанбе ва шаҳрҳои Русия пешниҳод фиристодааст, вале ҷониби Тоҷикистон онро яктарафа зиёд шудани парвозҳо гӯён қабул накардааст. “Ҳеҷ кас барои афзудани парвозҳо аз ҷониби Тоҷикистон муқобил нест, вале мо чи кор кунем,ки Тоҷикистон чунин қобиллиятро надорад” гуфтааст ҷониби Русия. Дар ин байн ба ширкати русии “Уралские авиалинии” , ки қаблан пас аз як моҷарои дигар иҷозати парвоз дода шуда буд, аз парвоз ба Тоҷикистон маҳрум гардид. Вале новоабаста ба ин, ин ширкат аз шаҳри Краснодар бо мусофирон 24 декабр  аз рӯи ҷадвали парвозҳои худ ба Душанбе парвоз кард ва касе монеъи ин гашта натавонист.   Тоҷикистон ҳамагӣ ду ширкати ҳавопаймоӣ дорад, ки аксаран ба Русия парвоз мекунанд. Аз ҷумла ширкати “Сомон Эйр” ба 9 шаҳри Русия парвоз дошт, ки аз чандтоаш маҳрум шуд ва ширкати давлатии “Тоҷикэйр” ба 7 шаҳри Русия парвоз анҷом медиҳад. Таври маълум, арзиши чиптаи тайёраҳои русӣ аз ширкатҳои тоҷикӣ дида арзонтаранд ва бо ворид гардидани “Ямал” ва парвозҳои иловагии “Уралские авиалинии”  ин нарх боз ҳам арзонтар хоҳад гашт.Аммо мутахассисони тоҷик мегӯянд, ки пофишории вазорати нақлиёти Русия барои роҳ додани ширкатҳои бештари русӣ ва бахусус ” Ямал ва вориди бозори мусофиркашонӣ кардани ин ширкатҳо, фақат бо ҳадафи зери даст даровардани бозори ҳамлу нақли Тоҷикистон аст. “Ин ширкати қавӣ метавонад, дар давоми  як сол  бо нархи арзон ва ба зиёни худ ҳам парвоз кунад. Ҳарчанд ин барои мусофирон хуб аст, аммо мо ду ширкати ватанӣ дорем ва бояд онҳоро ҳифз кунем. ” –мегӯяд, Иброҳим Ҷобиров.Пас, ин ба фоидаи муҳоҷирону мусофирон аст?

-Бале, ҳарчи қадар ширкатҳои русӣ ба Тоҷикистон бештар павроз кунанд, барои мо ҳамон қадар беҳтар аст,-мегӯяд Сафарбой Меҳтаров, сокини шаҳри Душанбе, ки ҳамасола як бор ба дидорбинии аҳли байташ меояд, -Мегӯянд,ки агар парвозҳои “Ямал” ба кишвари мо сурат гирад, нархи чипта ҳамагӣ 800 сомонӣ мешавад ва ман метавонам тез-тез ба назди зану фарзандонам омаду рафт кунам. Ман,ки инженери соҳаи мошинсозӣ ҳастам, дар ватанаи худам кор ёфта насмтавонам, бинобар ин маҷбур шудам ба Русия равам…

Расонаҳои русӣ мегӯянд,ки давлате,ки ҳамагӣ 8,5 миллион аҳолӣ дораду  1 миллиони он дар Русия мебошад, набояд чунин иқдом кунад ва роҳи парвозҳоро бандад. Гузашат аз ин, ба гуфти “Лента .Ру.” зиёда аз панҷоҳ фисади даромади буҷаи Тоҷикистон аз муҳоҷирон вобаста аст. Пас, бояд роҳи дигари ҳалли масъаларо ёфт. Аммо кадом роҳ? Коршиноси рус Даниил Кислов сабаби моҷаро байни Тоҷикистону Русия сабабҳои иқтисодӣ гуфтааст, зеро фақат ҳалқаҳои иқтисодии ду тараф дар баҳс шариканд.Аммо дар ин миён сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ки ба моҷарои парвозҳо кашида шуд, дар як ёддоште ба вазорати корҳои  хориҷии Русия ба он ишора намуд, ки  шартномаҳои байнидавлатӣ  оид ба парвозҳо риоя карда шавад. Нашрияҳои русӣ худ ба худ савол медиҳанд, ки бо манъи парвозҳои ширкатҳои русӣ Тоҷикистон аз ин кишвар чӣ мехост?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *