Раиси Хуҷанд додани маблағ барои харидории гулҳоро манъ намуд

      Раиси шаҳри Хуҷанд гуфт, дигар аз буҷа барои харидории гулҳои ороишӣ додани маблағро манъ кардааст. Шариф Шарифзода дар ҷаласаи ҷамъбастии 11 моҳаи хоҷагии халқи шаҳр зикр намуд, ки аз ин ба баъд танҳо барои харидории тухмии гул ва парваришу нигоҳубини он маблағ медиҳад.

    Ин иқдоми раиси шаҳр баъди он рӯи даст гирифта шуд, ки корхонаи кабудизоркунии Хуҷанд дар назди буҷа беш аз 1 млн сомонӣ қарзод шудааст. Раиси шаҳр ба масъулини ободонӣ гуфт, корхонаи кабудизоркунӣ дар ҳоли муфлисшавӣ қарор дорад ва бояд роҳҳои пешгирии он саривақт андешида шавад.

     Соли ҷорӣ барои ободонии Хуҷанд аз буҷа 18 млн сомонӣ ва аз дигар манбаъҳо тақрибан 10 млн сомонии дигар маблағ ҷудо шудааст, ки қисми зиёди онҳо танҳо барои харидории гулҳои ороишӣ аз дохил ва хориҷи кишвар сарф шудааст.

      Хотиррасон мешавем, ки соли гузашта дар вилояти Суғд “Соли фарҳанг ва гулҳо” эълон гардида буд. Ба ин муносибат  тамоми саҳну хиёбону шаҳр ва атрофи он бо гулҳои дар гармхонаҳо парваришёфта оро дода шуда, ин иқдом то ба имрӯз идома ёфта  дошт ва аз буҷаи шаҳру вилоят маблағҳои калони пулӣ ҷудо мегардид.  

                                                                                                                                                               Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *