Модар бо ду фарзандаш ғарқ шуд
Тавре,ки хабаргузории “Спутник” хабар медиҳад, рӯзи якшанбе зани 34-солае якҷо бо ду фарзандаш дар канали Хоҷ Боқирғон ғарқ шудааст.
Ин зан сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, ҳамроҳи ду кӯдаки ноболиғаш дар ҳудуди ҷамоати Жани-Жери ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон дар канали Хоҷа -Боқирғон ғарқ шудаанд.Яке аз фарзандони ин зан ҳангоми оббозӣ дар канал ғарқ мешавад ва модар бо писари 13-солааш барои наҷоти ӯ худро ба об меандозанд, вале онҳо низ ғарқ мешаванд.Тафтиши мақомоти милитсия маълум кардааст, ки ин зану ду кӯдак сокинони ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон будаанд. Зан 34 сол ва кӯдакони ғӯррамаргаш яке 13 ва дуюмӣ ҳамагӣ 10 сол доштаанд.Ҷасадҳоро сокинон деҳаи Жаштиқ пайдо кардаанд.Сокинони маҳаллӣ гуфтаанд, ки ин зан ҳар сари чанд вақт ҳамроҳи кӯдаконаш барои мардикорӣ ба вилояти Бодканд меомад ва дар манотиқи марзӣ кор мекард.Ташхис нишон додааст, ки модар ва фарзандонаш дар натиҷаи ғарқшавӣ ҷон додаанд. Дар бадани онҳо кадом аломати марги маҷбурӣ мушоҳида нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ