«Модар»-и Баҳром Ғафурӣ Чинро тасхир кард

Таронаи «Модар” дар иҷрои ҷавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷаев дар як озмуни истеъдодҳо дар телевизиони Чинро садҳо ҳазор нафар тамошо кардаанд. Ин тарона ҳам ҳайъати доварони ин озмун ва ҳам тамошобинони чиноиро тасхир кардааст.

Дар сегменти чиноии сомонаи Ютуб таронаи «Модар” дар иҷрои ҷавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷаевро алакай садҳо ҳазор нафар тамошо кардаанд. Беҳрӯз Хоҷаев ин таронаро, ки аз овозхони шинохтаи тоҷик Баҳроми Ғафурӣ мебошад, дар як озмуни истеъдодҳо дар яке аз шабакаҳои телевизионии Чин иҷро кардааст.

Дар поёни тарона, вақте тамоми аъзои ҳайъати ҳакамон таронаи ӯро мепазиранд, овозхон ба ҳайъати ҳакамон ва тамошобинон дар толор «салому алейкум” гуфта, худро ба забони чиноӣ муаррифӣ мекунад, ки Беҳрӯз Хоҷаев аст аз Тоҷикистон ва таронае ки иҷро кард, дар бораи модар аст.

Аз онки яке аз ҳакамон дар посух ба саломи Беҳрӯз «ва алейкум вассалом” мегӯяд, бармеояд, ки ин озмуни истеъдодҳо дар яке аз шабакаҳои телевизионии минтақаи Уйғур-Шинҷони Чин, ки бахши аъзами аҳолиашро мусалмонон ташкил медиҳанд, доир шудааст.

Беҳрӯз Хоҷаев зоҳиран нахустин довталаби тоҷик дар ин озмуни истеъдодҳо буд ва ҳайъати ҳакамон бо таваҷҷӯҳ аз ӯ дар бораи Тоҷикистони барояшон комилан ноошно суол мекунанд, ки чӣ кишварест ва забони тоҷикӣ чӣ забонест?

Беҳрӯз Хоҷаев дар посух мегӯяд, ки забони тоҷикӣ айни забони форсист.

Дар анҷоми муҳовара ҳакамон бо кафкӯбӣ аз ҷо баланд шуданд ва ҷавони тоҷикро барои маҳорату истеъдоде, ки дар иҷрои ин тарона ба намоиш гузошт, гарм ба оғӯш кашиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *