Модарам маро дар шашмоҳагиам фурӯхту…
Дарди дили ҷавоне, ки волидонаш зиндаанд,
аммо азоби ятимию бекасӣ мекашад
Вақте ки мард мегиряд…
Дидани гиряи мард бисёр риққатовар аст, зеро мардонро то корд ба устухонашон нарасад, ҳаргиз оби дида намерезанд. Ҷавоне, ки дар рӯ ба рӯям нишастааст, шарм дошта, рӯяшро ҷониби девор мегардонад, то оби чашмонашро пинҳон созад, вале селоби ашк ба мисли дарёи маҷрогумкарда ба рӯяш мешораду мешорад. Кулбори ғам гаштааст дилаш ва Абдураҳмон дигар наметавонад ғаму ғуссаҳоро дар қаблаш пинҳон созад. Дардҳои дар тули 24 соли зиндагӣ дар дилаш ғуншуда ба оби дида табдил ёфта, бо селоби ашки хунини алам рӯ мезананд…
Бачаи фурӯхташуда
Абдураҳмон зодаи вилояти Хатлон буда, 24 сол дорад, вале айни ҳол дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад. Ба гуфти худаш ситораи падару модараш бо ҳамдигар рост наомада, ҷудо шудаанд. Модараш баъди аз шавҳар талоқ гирифтан барқасд Абдураҳмони шашмоҳаро ба марде мефурӯшад. Оилаи ӯро ба фарзандӣ қабулкарда, инсонҳои хуб ва меҳрубон буданд. Падархондаш дар мақомот кор мекард ва бисёр одами бо обрӯ буд, аммо….
Марги падархонду
сарсониҳои кӯдаки 4-сола
Ба бахти бади Абдураҳмони кӯчак дар чорсолагии ӯ падархондашро барқ зада, ҷо ба ҷо мемирад. Пас аз марги ин марди дарёдил рӯзи Абдураҳмон сиёҳ шуд. Ҳамсари милиса (падархондаш) ба ғайр аз Абдураҳмон боз чанд фарзанди дигар дошт ва баъди марги шавҳараш аз уҳдаи хӯрондану пӯшондани як хона кӯдак баромада натавонист. Зан ночор монда, маҷбур шуд, ки Абдураҳмони 4-соларо, ки бо хуни ҷигар парварда буд, ба волидонаш баргардонад…
Абдураҳмон мегӯяд модараш аз қабул кардани ӯ даст кашидааст ва модархондаш писарчаи бе соҳиб мондаи овораю сарсонро ба дасти падараш супурда рафтааст…
Ҳамсараш ба падарам хиёнат карду…
Дар тӯли ин чор соли ҷудоӣ падараш зани дигар гирифта, ҳамроҳи оилааш дар шаҳри Бохтар зиндагӣ мекард. Вай аз ҳамсари наваш аллакай ду фарзанд дошт. Моиндараш Абдураҳмони кӯдакро бо чеҳраи кушода пешвоз гирифт. Қатори бачаҳои худаш ба ӯ ҳам хӯрок медод, либосашро мешуст, нигоҳубин мекард, вале “модардорӣ”-и Абдураҳмон низ дер напоид. Аслан зани бад набуд моиндараш, вале чӣ шуду чӣ монд, ки байни ӯ ва падараш гурбаи сиёҳ гузашт. Ҳамсояҳо овоза карданд, ки занаш ба вай хиёнат мекунад ва дар сари қаҳру ғазаб падараш талоқи ҳамсарашро дода, ӯро бо ду фарзандаш аз дар берун кард…
Зан не, офати ҷон!
Баъди талоқи занашро додан падараш Абдураҳмонро ба хонаи волидонаш бурд. Як муддат вай дар парастории бобою бибиаш монда, бачагии беғамона дошт, аммо падараш бори сеюм зан гирифта, ӯро боз ба хонаи худаш овард.
Моиндари наваш зан не, офати ҷон буд. Вай аз рӯзи аввал ба кӯдаки бечора рӯйи хуш надода, мудом бо ҳар баҳона ӯро мезад ва азоб медод. Аз ҳамин хотир, Абдураҳмон ин зани бераҳму шафқатро модар номидан намехост. Падараш маҷбур мекард, ки моиндарашро оча гӯяд, вале Абдураҳмони хурдакак “ин очаи ман нест, очаи ман… аст” гӯён, номи занеро ба забон меовард, ки ӯро чорсола карда, баъд ба дасти падараш супорида буд. Бача ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки он зан модари аслиаш нест ва касе, ки ӯро ба дунё овардааст, аз моиндараш ҳам бераҳмтар буда, ҳанӯз дар шашмоҳагиаш ӯро бар ивази пул ба каси дигар фурӯхтааст….
Аз нақли Абдураҳмон
-Баъди он ки падарам зан гирифт, ман дар хонаи худамон ба ғулом табдил ёфтам. Моиндарам маҷбур мекард, ки хона рӯбам, косаю табақ шӯям, дар полиз кишту кор кунам….
Баъди он ки моиндарам аз падарам кӯдак таваллуд кард, ҳатто ахлоти фарзандони ӯро ман мешустам. Моиндарам эзорчаҳои пур аз ахлоти кӯдаконашро дар назди ман ғарам карда, амр мекард, ки зуд ҳамаашро шуста дарзмол кунам, набошад ба ман ҳатто як пора нон намедиҳад ва бегоҳ ба падарам шӯр андохта, маро зери мушту лагад мемонад. Гириста-гириста эзорчаҳои пури ахлоти бачаҳои моиндарамро мешустам ва ба тақдири талхам лаънат мехондам, ки маро ғуломи ин зани бешафқат гардонидааст…
Куҳ ба куҳу дашт ба дашт
Абдураҳмон зери ҳамин ранҷу азобҳо натавонист ҳатто мактаби миёнаро хатм намуда, номаи камол бигирад. Падару моиндараш ӯро баъди синфи 8 дигар ба мактаб рафтан намонданд. Онҳо намехостанд, ки ин хизматгори бе миннаташон нимаи рӯзро дар мактаб сипарӣ карда, саланг-саланг гардад. ..
Рӯзи ӯ дар куҳу пушта мегузашт. Таппак мечид, ҳезум ҷамъ мекард…
Дар хизмати модар-Ватан
Абдураҳмон оҳи сард кашида, қисса мекунад:
-Дигар ба азобу ранҷи моиндар тоқат карда натавониста, бо хоҳиши худам ба хизмати аскарӣ рафтам. Муддати ду сол бо сари баланд ба модар-Ватан хизмат кардам. Гумон доштам, ки то баргаштанам падару моиндарам ба қадри ман расида, муносибаташон тағйир меёбад, вале хато кардам. Рӯзе, ки аз хизмати ҳарбӣ баргаштам, ҳанӯз дами поям набаромада, моиндарам бо қошу қавоқи овезон гуфт:
-Сағераи касофат, чӣ гови қутос ворӣ почаҳота дароз кардӣ, хез, тез либосои аскарита кашу сангҳои ҳавлира каш…
Хуб гуфта, аз паи кор шудам, аммо…
Шарти моиндар
Аз нақли дардноки Абдураҳмон ба риққат омада мепурсам:
-Чаро кӯшиш накардед, ки модари аслиатонро ёбед?
Вай оҳи сард кашида, қисса мекунад:
-Баъди аз хизмат баргаштанам муносибати моиндарам бо ман тамоман бад шуд. Бачаҳои худаш калон шуда буданд ва ӯ намехост, ки ман дар хона монда, ҳаққи кӯдакони ӯро соҳиб шавам. Аз ҳамин сабаб, мудом баҳона кофта, бо ман ҷангу ҷанҷол мекард. Ҷони падарам аз хархашаи мо ба лабаш расида аз занаш пурсид, ки чӣ хостанашро ошкоро бигӯяд. Моиндарам дастонашро дар миёнаш монда гуфт:
-Мардак, ман дигар рӯйи ҳамин сағераи туро дидан намехоҳам, агар бачата зада пеш накунӣ, ман бачаҳома гирифта баромада мерам…
Падарам аллакай ду зан гирифта ҷудо шуда буд, аз ҳамин сабаб, бори сеюм хонавайрон шудан нахоста, маро аз манзилаш пеш кард…
Сирри фошгашта
Мехостам боз ба хонаи ҳамон зане равам, ки маро то 4-солагиам калон карда буд ва ман ӯро модарам гумон мекардам. Нияти маро фаҳмида, падарам бо писханд гуфт:
-Беҳуда овора нашав, аввалаш ин ки вай занак очаи ту нест, барои ҳамин туро оварда ба хонаи мо партофт. Ҳамон занаки бечора рӯзи бачаҳои худашро гузаронда наметавонад, барои чӣ ту рафта ба онҳо дарди сар мешавӣ…
Бо шунидани ин гап ҳангу мангам канд. Гумон кардам, ки шӯхӣ мекунад ё ба хотири ба назди модарам нарафтани ман ин гапҳоро гуфта истодааст, вале падарам “очаи асосиат туро дар шашмоҳагиат ба шавҳари он зан дода буд. Бовар накунӣ, бо чашми худат бубин” гӯён, ҳуҷҷатеро ба ман дароз кард, ки дар он номи модари аслиам навишта шуда буд. Зорӣ кардам, ки суроғаи модарамро диҳад, аммо падарам “намедонам, баъди аз ман ҷудо шудан вай шӯйи дигар карда ба шаҳр рафта буд” гуфту дигар ба рӯям нигоҳ накарда, ба хонааш даромад…
Дар ҷустуҷӯйи модар
-Модаратонро ёфтед?-Беқаророна мепурсам аз Абдураҳмон. Ҷавон оҳи сард кашида мегӯяд:
-Модари асосиамро ёфтам, аммо рӯзам аз ин беҳ нею бадтар шуд.
-Бе суроғаи аниқ дар шаҳри калон ӯро чӣ гуна пайдо кардед?
-Халтаи либосҳоям дар сари китф ба миёнаи деҳа расида будам, ки падарам аз пасам омад ва коғазчаеро ба дастам дода гуфт: “Рост ба шаҳри Душанбе рав ва ана ҳамин маҳалларо ёфта, дари хонаи рақами….-ро кӯб. Модарат, агар зинда бошад, ӯро аз ҳамон ҷо меёбӣ!
Бо сад ранҷу азоб ба шаҳри Душанбе омадам ва кофта-кофта суроғаи додаи падарамро ёфтам. Дарвозаро зани миёнасоле кушода пурсид:
-Ба шумо кӣ даркор?
Пушти сарамро хорида гуфтам:
-Апаи Шоира (ном иваз шудааст)
-Вай дар хона нест, ягон гап дошта бошӣ, бигӯй, ман мерасонам,-бепарвоёна ҷавоб дод зан.
-Холаҷон, ман ба худашон як кори бисёр зарур дорам, тахминан гуфта метавонед, ки кай ба хона меоянд, -гуфтам зорикунон.
-Ту ба Шоира кӣ мешавӣ?-ба рӯям зеҳн монда пурсид зан.
-Ман писараш!
Бо шунидани ин гап зан гурсосзанон ба замина афтид ва ман дарк намудам, ки вай модари ман аст…
Бо табассум ба рӯйи Абдураҳмон нигариста мепурсам:
-Модаратонро ёфтед, сарсониҳоятон бо ҳамин ба охир расидагистанд?
Ҷавонро боз ашк гулӯгир кард ва бо садои гиряолуд гуфт:
-Кошкӣ чунин мешуд!
Зиндаятим
Абдураҳмон нақли пур аз дарду аламашро идома дода мегӯяд:
-Модарам бо дидани ман аз ҳуш рафта бошад ҳам, баъди ба худ омадан маро зиёфат доду ошкоро гуфт, ки дар манзили ӯ монда наметавонам, зеро фарзандонаш аз мавҷудияти ман хабар надоранд. Вай маро боз ба хонаи падарам фиристод, аммо моиндарам намонд, ки поямро аз дарвоза дарун монам. Ҳамин тавр, се бор аз хонаи модарам ба хонаи падараму аз хонаи падарам ба хонаи модарам омадам ва дар ин миён ҳама аз мавҷудияти ман хабардор гаштанд. Дидам, ки намешавад, ба қавле мурдаамро дар хонаи модарам партофтам, вале…
Пул биёрӣ, бачаҷону
пул наорӣ, балои ҷон
Барои он ки нонхӯри зиёдатӣ ва дарди сар нашавам, кор карда, пули меёфтаамро оварда ба модарам медодам. Рӯзе, ки пул биёрам, чеҳраи модарам хандону рӯзе, ки бе пул биёям, аз қошу қавоқаш барфу борон меборид. Азбаски бемории саръ (эпилепсия) дорам, маро баъзан касал мегирифт ва бо ҳамин иллат аз ҷойи кор ронда мешудам. Корфармоён аз он метарсиданд, ки ягон рӯз дар ҷойи кор мурда мемонам ва сари онҳо дар бало мемонад. Аз ҳамин сабаб, маҷбур будам, ки ҷойи корамро тез-тез иваз намоям. Вақте ки кор кунам, барои модарам “бачаҷон” мешудам, аммо ҳамин ки бе кор мондам, дарҳол “сағераи бе пою қадами дарди сар” гӯён, ба таънаю маломат мегузашт…
Дар муҳоҷират
Эҳсос намудам, ки ба модарам писар не, пул даркор аст ва роҳи Русияро пеш гирифтам, то ки аз таънаю маломат халос шавам. Нақша доштам, ки кор карда пул ҷамъ мекунам ва дар ҳамон ҷо хонадор шуда, дигар ёди ватан намекунам, вале падару модарам пулёб шудани маро дида, меҳрубон шуданд. Онҳо тез-тез ба ман занг зада, ҳолпурсӣ мекарданд. Албатта саломашон бе тамаъ набуд ва ҳар чизро баҳона карда, хоҳиш менамуданд, ки пул фиристам. Мани сода чӣ хеле, ки набошад, падару модарам ҳастанд гуфта, тамоми пули кор кардаамро ба онҳо равон мекардам. Эҳтимол “бачаҷон” мемондам, агар маро аз Русия депорт намекарданд. Пас аз оне, ки ба шиносномаам муҳри депорт заданд ва бо дасти холӣ ба хона баргаштам, муносибати модарам бо ман тамоман бад шуд…
Туҳмат
Баъди аз Русия омаданам модарам хоҳиш кард, ки барои тӯйи духтараш, яъне хоҳарам, ки аз шавҳари дуюми модарам буд, пул диҳам. Чизе нагуфта маблағи пурсидаашро бароварда додам. Маблағи додаамро дар ду рӯз сарф карда, боз пул пурсиданд. Гуфтам, ки айн замон дар дастам дигар пул надорам, шавад, албатта медиҳам. Бо шунидани ин гап модару хоҳарам пӯстинашонро чаппа пӯшида, дар назди занҳои ҳамсоя маро чунон дашномҳои қабеҳ доданд, ки аз шарм замин накафид, ки дароям. Ба ин ҳам қонеъ нагашта, модарам ба бари рӯйи ман чанд шаппотӣ фаровард. Дасташро дошта гуфтам, ки оча, як занаки калон айба намедонед, ки дар пеши ҳаққу ҳамсояҳо гапҳои бешармона мезанед. Модарам валвала бардошта ба сарам милиса овард. Милитсионерҳо дастони маро баста ба шуъба бурданд. Модарам ба онҳо гуфтааст, ки писарам маро зад. Аз ман пурсиданд, ки барои чӣ модаратро задӣ. Дар ҷавоб бо номи Худо қасам хӯрдам, ки ба сари модарам даст набардоштаам. Онҳо ҳайрон монда пурсиданд, ки барои чӣ модарат туро дӯст намедорад. Қиссаи дар шашмоҳагӣ маро ба каси дигар фурӯхтани модарам ва ранҷу азобҳои кашидаамро як ба як нақл карда додам. Гиребони тавба дошта, ӯро ҷеғ заданд. Модарам шуъбаро ба сараш бардошта, талаб мекард, ки маро ҳабс кунанд, вале онҳо “хола, айба намедонӣ, бачаат пул дошта бошад, азизу надошта бошад, ӯро турма мекунӣ” гуфта, маро ҷавоб доданд…
Очахонди беҳтар аз оча
Ба чашмони пуроби Абдураҳмон нигариста пурсидам:
-Наход ягон касе набошад, ки дастатро бигирад?
Ҷавон лаҳзае ба сукут рафту баъд сар бардошта гуфт:
-Ягона касе, ки маро мефаҳмад, очахондам аст. Ин зан бегона бошад ҳам, аз модари худам дида ба ман меҳрубонтар аст. Бемор шудам, ҳамон зани меҳрубон маро ба беморхона бурда хобонд ва дорую дармон харида дод. Баъди аз беморхона баромаданам муносибати бади модарамро бо ман фаҳмида аз шавҳараш хоҳиш кард, ки пул фиристад, то ки чипта харида маро ба Русия ба наздаш равон кунад. Мардак пул фиристод, аммо роҳам ба Русия баста будаасту маро аз фурудгоҳ баргардонданд. Модарам ба ҷойи он ки раҳмат гӯяд, чанд бор ба сари очахондам рафт, ки ту пулҳои бачаи маро мехӯрӣ, ҳол он ки ман ба вай як тин пул надодаам. Очахондам баръакс баъзан ба ман пул медиҳад, ки гуруснаю ташна нагард, боз касал нашавӣ. Вай дар тӯйи хоҳарам низ кӯмак карда буд, вале модарам қадри нону намаки ин занро надониста, мудом бо ӯ муноқиша мекунад. Росташро гӯям, аз шарми рафтори модарам дигар ба назди очахондам ҳам рафта наметавонам…
Бо як дона себ зиндагӣ мекунам
Абдураҳмон дар як нонвойхона кор карда, субҳу шом ба фурӯшандаи мағозае, ки дар қабати нонвойхона ҷойгир аст, барои баровардану ҷамъ кардани бораш ёрӣ мерасонад. Бар ивази ин кораш ӯ танҳо як донагӣ себ мегирад. Хӯроки ин ҷавони 24-сола дар як шабонарӯз танҳо ду дона себ асту халос, вале ӯ пеши касе дасти тамаъ дароз намекунад.
-Рӯзи дароз гурусна мегардам. Дар хона ягон чиз хӯрдан он тараф истад, аз тарси модарам ҳатто ҷуръат намекунам, ки ба хона дароям. Дар ҳамин ҳавои хунук пас аз кор то нимаи шаб дар кӯча мешинам ва танҳо баъди оне, ки чароғи хонаи хоби модару хоҳаронам хомӯш гашт, оҳиста ба хона даромада, хоб меравам, то маро дида, боз ҷангу ҷанҷол набардоранд.
Домод ҳаргиз писар намешавад
Абдураҳмон ҳатто маълумоти миёна надорад, вале бисёр бачаи дурандеш аст. Вай тақдири ояндаи модарашро фикр карда мегӯяд:
-Ман мард ҳастам ва иншооллоҳ дер ё зуд роҳи худро дар зиндагӣ пайдо карда, соҳиби хонаву дар ва ҳаёти осуда мешавам, аммо дилам ба модарам месӯзад. Ҳамаи фарзандонаш духтаранд ва як рӯз не, як рӯз албатта шавҳар мекунанд. Домод ҳаргиз ҷойи писарро намегирад. Фардо модарам пиру нотавону бемор шавад, дасти ӯро кӣ мегирад. Танҳо бо ҳамин андеша то имрӯз ба ҳама азобҳои модарам тоқат кардам, вале рафтори ӯ торафт бадтар мешаваду беҳтар не…
Тоқати ғуломӣ надорам!
Ин ҷавон розӣ аст, ки ба ягон шахси дар орзуи фарзанд буда писар шавад, ба шарте, ки бо ӯ мисли ғулом рафтор накунанд…
-Ман беномус нестам, ки ба гардани дигарон бор шавам. Бемор бошам ҳам, бе кор намешинам. Ба қадри қуввату дармони худ меҳнат карда, нони ҳалол мехӯрам, вале ба кас алам мекунад, вақте ки бо ту мисли ғулом рафтор мекунанд.
Ба чашмони пур аз дарди ин ҷавони аз зиндагӣ наосуда нигариста мепурсам:
-Мақсадатон чист? Мехоҳам ба шумо дасти ёрӣ дароз кунанд?
-Сарнавишти маро дар газета нависед. Бигзор азобҳое, ки мани падардори бе падар ва модардори бе модар дар зиндагӣ кашидам, ба тамоми зану шавҳарон дарси ибрат гардад ва фикри ҷудо шуданро аз сарашон дур кунанд. Вақте ки падару модар аз ҳам ҷудо мешаванд, азоби ҷудоии онҳоро пеш аз ҳама фарзандонашон мекашанд. Падарам, агар дар вақташ модарамро талоқ намедод, шояд вай маро ба каси дигар намефурӯхт ва имрӯз бо ман мисли моиндар рафтор намекард,-мегӯяд бо алам Абдураҳмони 24 сола, ки бо сабаби хурд будани ҷуссааш ба назар бачаи мактабхонро мемонад…
Маҳинаи Давлат
Р/С
Абдураҳмон нахост чеҳраашро нишон диҳем, зеро намехоҳад мавриди мазоқу масхараи одамони бе дард қарор бигирад. Суроғаи аниқи волидони ин ҷавон дар дасти мо ҳаст, вале ба хотири паст назадани шаъну шарафи инсонии онҳо ному насаб ва макони зисташонро дарҷ накардем. Сарнавишти ин ҷавон аз забони худаш рӯйи коғаз омада, сабти пурраи суҳбати мо бо Абдураҳмон дар идораи ҳафтанома маҳфуз аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ