Ашт: бе шарафмандони меҳнат ва кӯчаҳои беном

Ҳамагӣ ним рӯз дар маркази ноҳияи Ашт меҳмон будам. Аз тамошои Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва Қасри муҳташами фарҳанги хамноми ин ҳунарпешаи маҳбуб, долу дарахт ва гулзорҳои ин макони фароғатии сокинону меҳмонони ноҳия ҳаловат бурдам.

Аммо таъби касро Боғи бе пайкараи Махмудҷон Воҳидов, ки Ашт зодгоҳаш мебошад,  набудани лавҳаҳои номҳои кӯчаҳо дар хонаву ҳавлиҳои атрофи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хира месозад. Ҳатто кӯчаи  марказии ноҳия аз ин гуна лавҳаҳо маҳрум аст. Ҳамчун меҳмон аз чанд роҳгузар чӣ ном доштани кӯчаи марказиро пурсидам. «Намедонам»-гӯён сар меҷунбонданд. Кӯчаву гузарҳо ва ҳавлиҳои  атрофи МИҲД ва ба варзишгоҳи ноҳиябаранда низ лавҳаи номҳо надоранд. Бе роҳбалад суроғаи даркориатонро ба зудӣ пайдо карда наметавонед.  Илова бар ин, ягон хонаву ҳавлӣ рақамгузорӣ нашудааст. Чӣ сирре дар ин беамалӣ ниҳон бошад, раиси муҳтарам Мирдадо Зариф?

Ё боз як мушоҳидаи  дигар аз беҳавсалагии роҳбарони ноҳияи  Ашт дар Боғи М. Воҳидов: лавҳаи фахрии «Шарафмандони меҳнат», ки дар он акси ягон шарафманди меҳнати ноҳияи Аштро ҷой надодаанд. Тахмин аз 20 чорчӯбаи лавҳа, ба мисли тирезаҳои бе шиша,  шамол ҳуввас мезанад. Хайр, насли замони соҳибистиқлол ба моҳияти лавҳаи фахрии «Шарафмандони меҳнат» сарфаҳм намераванд, зеро ин барояшон арзише надорад. Аммо дар байни аҳолӣ ва меҳмонони ноҳия ашхоси замони шӯравӣ барҳаётанд. Ё дар ноҳияи овозадори Ашт  дигар ҳоҷат ба тарбияи меҳнатии насли имрӯза намондааст,  шарафмандон барояшон намунаи корнамоӣ шуда тавонанд?

Э. НАЗАРОВ,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *