ВАО инъикосгари асосии захираҳои сайёҳии Тоҷикистон

Академияи ВАО- и Тоҷикистон бо ҳамкорӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21-уми ноябри соли равон дар толори Академияи ВАО семинари омӯзишӣ дар мавзӯи »ВАО инъикосгари асосии захираҳои сайёҳии Тоҷикистон»  барои рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма доир намуд.  Дар ҳамоиши мазкур ҷонишини аввали Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода ва журналистони ҳамаи расонаҳо , ки дар бахши сайру саёҳат мавод таҳия мекунанд ширкат варзиданд. Дар ҳамоиши мазкур Ҳабибулло Амирбекзода оиди  мавзӯъҳои гуногуни бахши сайёҳӣ ва рушду пешрафти он дар тӯли фаъолияти яксолаи Кумита ба намояндагон ВАО маълумот дода, зикр намуд:

 Мо бояд натанҳо сайёҳии хориҷиро, балки дохилиро ҳам  ҷалб намоем дар ин ҳолат  соҳаи сайёҳии кишвари мо пеш хоҳад рафт, зеро соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои  пурқувват буда, барои   пешрафти кишвар нақши калонро мебозад. Кумитаи навтаъсис имрӯз ба  мутахассисони касбӣ ниёз дорад . Барои тайер намудани мутахассис  солҳо даркор аст, ки вай дар ин самт кор кунад  бо як Кумитаи сайёҳӣ соҳаро пеш бурда намешавад. Имрӯз гарчанде, ки мо  дар маҳалҳо тақрибан 44 нафар коргар дорем, аммо  дар се ,чор ноҳия ва баьзе ноҳияҳо  як бахш рост меояд, ки вай   аз уҳдаи фаъолияти кумитаи худаш ҳам намебарояд. Имрӯз мо дар ин қисмат ҳам кор бурда истодаем, ки мутахассисон дар шаҳру ноҳияҳо ҳам дошта бошем.  Сайёҳӣ соҳаест, ки аз сарҳад сар  мешавад дар сарҳади баромадан боз хотима  меёбад, яьне тамоми соҳаи хизматрасонӣ ин сайёҳӣ аст,  аз хизматрасони дар дохили тайёра,  қисмади сарҳад, гумрук хизматрасонии таксӣ , меҳмонхона ва ошхона тамоми самте, ки ба сайёҳӣ равона карда шудааст.

Ҳамчунин семинари мазкур бо  саволу ҷавоби журналистон сурат гирифта, фикру андешаҳои онҳо  дар  бораи мушкилҳои ҷойдошта дар ин самт ба инобат гирифта шуд, ва то охири «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ » озмуни беҳтарин маводи  омода намудаи сайёҳӣ байни журналистон ба нақша гирифта шуд.

Ширин Иноятова

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *