Модари писаркуш

Дар шаҳри Истаравшан як ҷавонзани 22-сола бо иттиҳоми қатли кӯдаки навзодаш дастгир шудааст.

Ба гуфтаи мақомот, ин зан шаби 5 январ дар хонааш духтар таваллуд кардааст, вале аз азбаски шавҳар надошт, кӯдакро дар рӯи фарши ҳаммом мепартояд. Тифли навзод дар он шаби сарди зимистон рӯи фарши ҳаммом ба ҳалокат расидааст.

Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон  рӯзи 6 феврал хабар дод, ки кормандони милиса як ҷавонзани 22-солаи сокини шаҳри Истаравшанро ҳамчун гумонбар дар қатли кӯдаки навзодаш дастгир кардаанд.

Бино ба ин манбаъ, ин ҷавозан шаби 5 январи соли равон, соати тахминан 21:30 «дар ҳавлии истиқоматиаш кӯдаки ҷинсаш занро таваллуд кардааст. Баъдан, зани номбурда бинобар сабаби шавҳар надоштанаш, бо мақсади пинҳонӣ таваллуд намудани худ, кӯдаки навзоди худро дар фарши ҳаммомхонаи ҳавлии истиқоматиаш беназорат гузоштааст.

Кӯдаки бечора он шаб дар рӯи фарши ҳаммом аз сардӣ ҷон бохтааст.

Ба зидди модари бешафқат ҳоло бар асоси моддаи 105-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми «кӯдаки худро куштани модар” парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба ин зан бар асоси ин банди қонун то 5 сол маҳдуд кардани озодӣ ваё то 3 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Тафсилоти дигари ин ҳодиса нашр нашудааст, вале дар аксари чунин мавридҳо занҳое даст ба ҷони фарзанди худ мезананд, ки дар натиҷаи алоқаҳои ҷинсии ғайриникоҳӣ ҳомила шудаанд.

Ҷомеаи суннатӣ ва муҳофизакори Тоҷикистон фарзандони беникоҳ таваллудшударо қабул надорад ва модару фарзанд дар чунин сурат мавриди маҳкумият қарор мегиранд.

Ин бисёре аз занҳоеро, ки бе никоҳ ҳомила шудаанд, маҷбур мекунад, бо ҳар роҳ аз фарзанди дилнохоҳ халос шаванд. Бархе кӯдаки худро ба ятимхона ваё ба ягон оилаи бефарзанд медиҳанд, вале бархе мисли ин ҷавонзан бо ҳадафи халосӣ аз гапи мардум даст ба куштори тифлони навзодашон мезананд.

Моддаи 105. Кўдаки навзоди худро куштани модар

1) Кўдаки навзоди худро куштани модар ҳангоми таваллуд ё бевосита пас аз он дар ҳолати ҳарбии асаб, ки бо сабаби таваллуд ба вуҷуд омадааст ё дар ҳолати харобии рўҳие, ки мукаллафиро истисно намекунад,

– бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 17.05.04 с., №35)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *