Боздоштани сохтмони театри миллӣ то 100 солагии Мушаррафа Қосимова

Сохтмони театри миллӣ – яке аз бонуфузтарин иншоотҳои Тоҷикистон муваққатан боздошта шудааст. Ин нуктаро Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни нишасти матбуотии ниҳоди тобеъаш иттилоъ дод. Вазир гуфт, ки сохтмон бо сабаби “мушкилоти молӣ муваққатан боздошта шуда, ба наздикӣ сохтмончиён ба кори худ идома хоҳанд дод”

  • Ин иншоот хеле бузург аст. Ва маблағҳои барои он ҷудогардида низ хело калон. Сохтмони ин театр то соли 2019 ё 2020 ба нақша гирифта шудааст ва умед дорем, ки дар ин давра ба итмом мерасад.

Ҳамчунин, вазир иттилоъ дод, ки соли равон Фестивали Театрҳои лухтак – “Чодари хаёл” баргузор гардида, вазорат лоиҳаи баргузории як фестивали байналмиллалии театриро бо номи Фестивали “Наврӯз” ба нақша гирифтааст.

Дар робита ба ин дар мавриди таҷлили Ҷашни 100 солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова бошад, Орумбекзода гуфт: “Таҷлили ҷашни 100 солагии муаллима дар нақшаи вазорат ҳаст. Аммо дар кадом сатҳ ва доира номаълум. Зеро саломатии Мушаррафа Қосимова барои ширкат дар ҷашни бошукӯҳ имкон намедиҳад.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *