Модари Шаҳриёри Давлат: Шаҳриёр ба хушдоманаш пул диҳад, шири додаамро намебахшам!

Хонандагони азиз,  тавре огоҳӣ доред, чанде пеш хушдомани  сарояндаи ҷавон Шаҳриёри Давлат тариқи газета аз рӯйи домодаш шикоят карда буд, пас аз ду ҳафтаи нашри ин мавод модари Шаҳриёр ба идораи ҳафтаномаи “Оила” омада, иддао намуд, ки мехоҳад парда аз рӯйи асрор бардорад.
-Аввалан худро муаррифӣ  намоед.

-Ман Ғамзамоҳ Солиева, модари Шаҳриёри Давлат, мехоҳам андешаи худро атрофи шикояти модари Нишона баён намоям. Хушдоманаш гуфтааст, ки Шаҳриёрро ман ситора кардам, вале ин гап дурӯғ аст. Барои тарғиби ҳунари писарам танҳо ману падараш саҳм гузоштаем.

-Хушдоманаш дар суҳбат бо мо гуфта буд, ки волидони Шаҳриёр зиндагии хоксоронае доранд, шумо бошед мегӯед, ки писарамро ману падараш сарпарастӣ мекардем. Инро чӣ хел фаҳмем?

-Ман тӯли 10-12 сол ба савдои тилло машғул будам ва мағозаи тилловорию маҳсулоти заргарӣ доштам. Корам пешрав буд, андози давлатро сари вақт месупоридам. Вақте ки писарам майли сарояндагӣ намуд, тамоми пасандози барои рӯзи мабодо гузоштаамро сарф намуда, консерташро гузаронидам. Пас аз ин барои тарғиби писарам боз пули калон сарф намуда, филми “Ҳаёти талх”-ро ба навор гирифтем.

-Шаҳриёр бо Зебо Алимова дар ҳамон консерт шинос шуд?

-Не, онҳо дертар, дар консерти сеюм ё чоруми Шаҳриёр бо ҳамдигар шинос шуданд. Консерти аввалини Шаҳриёр бахшида ба иди модарон рӯзи- 8-уми март барпо гашта буд. Аз он консерт 3-4 ҳазор доллар қарздор шудем, аммо хотири писарам ман боз пули калон сарф карда, рӯзи 27-уми июн боз консерти Шаҳриёрро ташкил намудам. Консерти дуюм 7 ҳазор доллар зарар овард ва ман маҷбур шудам, ки мағозаро ба иҷора диҳам. Шаҳриёр дид, ки тиҷоратам суст шуда истодааст, гуфт, ки “Очаҷон, шумо барои ман хеле хизмат кардед, аз ин пас ман худам корамро мустақилона пеш мебарам”. Мардум аллакай Шаҳриёрро мешинохтанд, вай қариб ҳар рӯз тӯй дошт ва ман боварии комил доштам, ки писарам дар ҷодаи санъат роҳи худро ёфтааст, аммо вохӯрӣ бо ҳамин зан ҳаёти ӯро дигаргун намуда, ба сараш мусибату моҷарои бисёреро овард.

-Келинатон Нишона дар суҳбат бо мо гуфт, ки шумо зани якуми Шаҳриёрро дӯст медоштед ва ба ҳамин хотир намехостед, ки писаратон бо ӯ зиндагӣ кунад…?

-Филми “Ҳаёти талх” ба зиндагии худи Шаҳриёр монанд аст. Вақти бо зани якумаш шинос шудан, писарам ҳамагӣ 17 сол дошт ва духтари аз худаш 4 сол калонро дӯст дошт. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, дӯстдоштааш шавҳар карда, ҳамагӣ ду моҳ зиндагӣ карда будааст. Вақте фаҳмидам, ки Шаҳриёр як зани шавҳардидаро гирифтанист, қариб девона шудам, вале ба норозигии мо нигоҳ накарда, ин ду ошиқи зор пинҳонӣ никоҳ кардаанд. Ман дигар илоҷ надоштам, ночор келинро ба хонаам роҳ додам. Ду моҳи аввал шабу рӯз гиря мекардам, ки писари нахустинам маро дар назди дӯсту душман шарманда карда, як зани шавҳардидаро ба занӣ гирифт, вале баъд рафтори келинро дида дилам гарм шуд. Саҳар аз хобам мехестам, ки Нигора аллакай ҳама ҷоро рӯфтааст, оби таҳорати ману шавҳарам тайёр, хонаю дар тозаю озода, хӯроки бомаза дар болои дастурхон, чӣ хел чунин келинро дӯст намедорӣ?! Нигораро дӯст медоштам ва аз писарам ҷудо шуда бошад ҳам, то ҳол дӯсташ медорам.

-Шаҳриёр аз зани якумаш чанд фарзанд дорад?

-Фарзанди аввалинаш писар буд, вале умраш кӯтоҳ будааст, фавтид. Дуюмаш духтарча аст. Вақте Нигора бори сеюм ҳомиладор шуд, бо сабаби рашк байнашон ҷангу ҷанҷол сар зад ва келинам қаҳр карда ба хонаи модараш рафт. Духтарчаи дуюмашро дар хонаи волидонаш таваллуд карда бошад ҳам, фарзандони ӯ барои ман бисёр азизанд, чунки аз хуни писари ман ҳастанд. Фарзандро бодому набераро мағзи бодом мегӯянд, чӣ қадар ширин будани набераро танҳо касоне медонанд, ки лаззати бобою бибӣ шуданро чашидаанд.

-Дар бораи зани дуюми Шаҳриёр-Шаҳло чӣ мегӯед?

Шаҳло келини ман нест, чунки ман ӯро ягон бор надидаам, ҳатто як рӯз ҳам дар хонаам хизмат накардааст.  Вақте модараш ба ман занг зада гуфт, ки мо ба хонаи шумо гаҳвора бурданием, ҳайрон шуда гуфтам, ки чӣ хел гаҳвора. Хандида гуфт, ки гаҳвораи набераамонро. Дар ҷавоб гуфтам, ки аввал ташхиси ДНК гузаронанд, агар кӯдак дар ҳақиқат аз писари ман бошад, никоҳ надошта бошанд ҳам, ман ӯро қабул мекунам. Пас аз ҳамин суҳбат онҳо дигар ба ман занг назаданд.

-Мегӯянд, ки Шаҳриёр аввал фарзанди Шаҳлоро қабул накарда бошад ҳам, баъди сар задани нофаҳмӣ ва ҷангу ҷанҷол бо Нишонаю модараш ба писараш туҳфа мебурдагӣ шудааст, то Шаҳло ҳам аз болояш шикоят накунад…?

-Дурӯғ аст! Шаҳриёр, агар ба назди Шаҳлою писараш мерафт, ҳатман дар ин бора ба ман мегуфт.

Биёед ба мавзӯи асосии суҳбатамон бармегардем. Шумо ҳамчун модар кай фаҳмидед, ки як зани дигар писаратонро ба фарзандӣ қабул карда, писархонд гирифтааст?

Соли 2014 Шаҳриёр дар Кохи Ҷомӣ ду сеанс консерт дод ва дар ана ҳамон консерт бо Саодат Алимова шинос шуд. Пас аз консерт писарам ба ман гуфт, ки як зан  аз шаҳри Кӯлоб ӯро писархонд гирифтааст. Ман ҳамон вақт Шаҳриёрро ҳушдор дода будам, ки ба ҳар кас бовар накунад, чунки одамон аввал дар ниқоби дӯст ба дилат ҷо шуда, баъд ба пӯстат коҳ ҷой мекунанд, вале ба гапам бовар накард. Оқибат ҳамон гуфтаи худам шуд…

-Шумо бо Саодат Алимова чӣ хел шинос шудед?

-Рӯзи 1-уми май Шаҳриёр ва Наимҷон бе сабти телевизионӣ консерт гузарониданд. Писарам баъди консерт гуфт, ки очахондаш мехоҳад бо ман аз наздик шинос шавад. Аз сабаби оне, ки пеш аз ин Саодат Алимова консерти Шаҳриёр ва Шабнами Собириро дар шаҳри Кӯлоб ташкил карда, онҳоро дар меҳмонхонаи як дӯсташ ҷо карда буд,  таклифи ӯро қабул карда бо дастовез ба хонааш меҳмонӣ рафтам, то нагӯяд, ки ин одамон  ба қадри некӣ намерасидаанд. Ин зан моро бо лабони пурханда пешвоз гирифта, зиёфат дод. Ман кӯрнамак нестам, нону намаки хӯрдаамро инкор намекунам. Раҳмат барои меҳмондорӣ!

-Медонистед, ки писаратон бо духтари ин зан хонадор шуданист?  

-Вақти зиёфат Зебо гуфт, ки духтарам ҷавон аст, барои ҳамин шарм дошта, ба  назди шумо набаромад, вале ба маънии гапаш сарфаҳм нарафтам, чунки мақсади ман келинбинӣ не, шинос шудан бо очахонди писарам буд.  Чанд рӯз пас онҳо ба хонаи мо омаданд ва танҳо ҳамон вақт ман фаҳмидам, ки Шаҳриёр духтари очахондашро ба занӣ гирифтан мехостааст.

-Зебо Алимова даъво дорад, ки хонаашро фурӯхта бо пули он ба Шаҳриёр хонаи дуошёна сохта додааст. Дар ин бора чӣ мегӯед?

-Ин зан дар ҳавлии мо хона сохта, як бор аз ман ё падари Шаҳриёр напурсид, ки шумо ба ҳамин кор розӣ ҳастед ё не. Мо ҳавлии калон дорем ва дар як гӯшааш се дару дар гӯшаи дигараш чор дар хона ҳаст. Як рӯз аз бозор баргашта дидам, ки ҷорӯбҳои барои савдо коштаамро, ки ҳанӯз нарасида буданд, канда партофта дар ҷояшон барои рехтани пойдевори хона чуқурӣ кандаанд. Вақте аз нияти хонасозии Шаҳриёр огоҳ шудем, падараш ӯро насиҳат карда гуфт, ки бачам дуошёна ба ту чӣ лозим, 3-4 дар хонаи одиякак соз, кифоя аст. Шаҳриёр дар ҷавоб гуфт, ки хонаи дуошёна ба ман дар сад сол лозим нест, онро барои меҳмонҳои шумо месозам. Ҳамон шабу рӯз Шаҳриёрро тез-тез ба тӯю маъракаҳо ва барномаву консертҳо даъват мекарданд ва ман фикр кардам, ки бо пули даромади худаш хона месозад. Писарам ба мо гуфт, ки очахондаш барои харидани арматур, семент ва дигар маводи сохтмонӣ 4-5 ҳазор доллар пул дода, гуфтааст, ки мабодо фикр накунӣ, ки духтарамро ба ту бор карданӣ ҳастам, ман туро ба фарзандӣ қабул кардам ва ин корро модарвор карда истодаам. Оҳ, агар медонистам, ки аз рӯйи як дуошёна ин қадар ғавғо мехезад, дар ду дунё иҷозат намедодам, ки дар ҳавлии мо хона созанд!

-Тӯйи Шаҳриёр ва Нишона дар куҷо барпо гашт?

-Вақте дар байни ду моҳ хонаро бардоштанд, мо мақсади ин занро пай бурда аз пайи харидани сарупои арӯс шудем. Ҳамроҳи бохчонам аз бозори Корвон омада, дар 2000 доллар фақат куртаҳои арӯсро харидем. Рӯзи дигар чанд хешу табори наздикамонро гирифта, ба Кӯлоб ба хонаи Нишона хостгорӣ рафтем ва якбора сарупо бурдем. Саодат моро хуш пешвоз гирифта обу иззат кард, баъд духтарашро бо худ гирифта, ҳамроҳи мо ба Қурғонтеппа омад. Тӯй нашуда ба хонаи мо омадани арӯс боиси пайдо шудани ҳар хел овозаҳо гашта бошад ҳам, ман ба гапу калочаи мардум аҳамият  намедодам, чунки модари Нишона бо даҳони пур мегуфт, ки Шаҳриёр писари ҳардуямон аст, насиб бошад, баъди тӯй духтари ман дар ин ҷо монда хизмати шуморо мекунаду ман бошам писарамро ба шаҳри Душанбе бурда, боз як зани дигар медиҳам. Ҳамеша дар ҷавоби ин шӯхии Саодат мегуфтам, ки ин тавр нагӯед, дузанагӣ чандон кори хуб нест, бигзор бо як бахту бо як тахт писари ману духтари шумо қӯшапир шаванд, аммо…

-Сабаби моҷарои Шаҳриёру Нишона танҳо пулҳои модарарӯсаш буд ё байни худ низ носозгорӣ доштанд?

-Мо пули калон сарф карда чунон тӯйи боҳашамате оростем, ки таърифаш чанд моҳ дар забони хурду калон буд. Зани якуми писарам шавҳардида буд, аз ҳамин хотир “бачам зани духтар мегирад” гӯён,  тамоми ёфту тофтамонро сарф карда, тӯйи дакаданг оростем, то орзую ормонамро шиканем. Модари Нишона ба ман ваъда дода буд, ки арӯс ҳамроҳи мо монда хизмат мекунад, вале ҳамагӣ баъди ду-се рӯзи тӯй духтару домодашро гирифта ба шаҳри Душанбе овард. Ҳамон рӯзи ба шаҳр кӯчидани арӯсу домод дар назди меҳмонҳои аз Қурғонтеппа омада хушдоманаш бо забони дароз гуфта буд, ки Шаҳриёр дар пойтахт хона харида, онро бо тамоми ҷиҳози зарурӣ пур кардааст, имрӯз бошад писари маро таъна зада, мегӯяд, ки Шаҳриёр дар хонаи ман зиндагӣ карда, нону оши тайёрро мехӯрд.

-Шумо сабаби пайдо шудани нофаҳмиҳоро дар байни писаратон ва ҳамсараш шарҳ надодед…

Нишона ва Шаҳриёр ҳамагӣ 5-6 зиндагии ширин доштанд, баъд байнашон нофаҳмӣ ва ҷангу ҷидол сар шуд. Моҷарои онҳо ду сабаб дошт: рашк ва ҳомиладор нашудани келин.

-Чаро ба назди табибон рафта ташхис накарданд, ки сабаби фарзанддор нашуданашон дар чист?

-Шаҳриёр чанд бор занашро табобат кард, вале Нишона ҳомиладор нашуд. Саодат мехост, ки духтару домодаш якҷоя табобат гиранд, вале Шаҳриёр “ман безурриёт нестам, чунки аз зани якумам кӯдак дорам” гуфта рад кард ва ҳамин чиз боиси қаҳру ғазаби модари Нишона гашт.

Гуфтаниед, ки келинатон иллат дошт, барои ҳамин онҳо фарзанддор нашуданд?  

Нишона ягон  иллат дошт ё не, ман намедонам, чунки онҳо бо мо не,  ҳамроҳи модараш дар шаҳр зиндагӣ мекарданд ва сирру асрорашонро ба ҷуз худашону Худованд ҳеҷ кас намедонист. Баъзан фикр мекунам, ки Нишонаро дуои модари Нигора гирифт.

-Чаро?

-Пеш аз тӯй як рӯз зани якуми Шаҳриёр ҳамроҳи модараш ба хонаи мо фотиҳахонӣ  омадааст. Ман дар кор будам. Баргаштам, ки дар рӯйи ҳавлӣ ҷангу ҷанҷол ва рӯканию мӯканӣ. Нишона Нигора ва модари ӯро тела зада аз дар берун кардан хостааст. Ин кори вай ба он зани солхӯрда бисёр сахт расида, дар пеши назари ман Нишонаро дуои бад карда гуфт: “Набераҳои маро сағера карда, Шаҳриёрро гирифтанӣ бошӣ, илоҳо ҳеҷ гоҳ дари таваллудхонаро набинӣ!” Ин гапро шунида баданам виҷиррос зад, зеро Шаҳриёр бояд пас аз чанд рӯз риштаи тақдирашро бо Нишона мепайваст. Намедонам дуои модари Нигора Нишонаро гирифт ё аз азал соҳиби фарзанд шудан дар насибашон набудааст, ки вай ҳеҷ ҳомиладор намешуд. Модараш маро гунаҳкор карда гуфт, ки ту духтари маро ҷоду кардаӣ, барои ҳамин намезояд. Нишона, агар таваллуд мекард, он кӯдак фарзанди писари ман мешуд-ку! Наход ман писари худамро ҷоду кунам, ки занаш назояд!

-Хушдоманаш мегӯяд, ки Шаҳриёр ҳамсарашро танҳо гузошта, ҳатто шабҳо ба хона намеомад ва Нишона то саҳар бо чашми пуроб роҳи шавҳарашро мепоид. Шумо модар ҳастед, магар писаратонро насиҳат намекардед, ки шабгардиро камтар карда, аз паси зиндагиаш шавад?

-Ин занак хуб медонист, ки писари ман одами одӣ не, сароянда аст ва мухлисони бешумор дорад, ба ӯ занону духтарони ҳаводори ҳунараш занг мезананд, шабу нимашаб ба тӯю маъракаҳо меравад, дар ҳар хел маҳфил ва шабнишиниҳо иштирок мекунад, пеш аз оне, ки духтарашро ба Шаҳриёр диҳад, вай бояд ҳамаи инро андеша мекард. Ба хотири як зан шуда, Шаҳриёр наметавонист аз баҳри санъаташ гузарад, телефонашро набардорад ё дар сараш чодари сиёҳ кашида, баъди намози шом дигар аз хонааш набарояд.

-Собиқ хушдомани писаратон мегӯяд, Шаҳриёр аз як духтари ёвонӣ даҳ ҳазор доллар қарз гирифта, пулро барнагардонидааст ва агар ман намебудам, вай кайҳо ба пушти панҷара меафтид. Шумо аз ин моҷаро хабар доред?

-Ман вақте аз ин ҳодиса дарак ёфтам, ки корашон аллакай ба суду милиса афтида буд. Аз Шаҳриёр пинҳонӣ бо он духтари ёвонӣ, ки Саёҳат ном доштааст, вохӯрда гуфтам, ки агар ба ҷойи милисабозӣ кардан ба хона омада, одам барин ҳамаашро ба ман мефаҳмондӣ, қасам ба номи Худо, писари дуюмамро тӯй накарда, қарзи туро медодам, чунки қарз бисёр чизи бад аст, агар онро барнагардонӣ, то қиёмат дар гарданат мемонад. Дар ҷавоб гуфт, ки ману Шаҳриёр бо ҳам дӯсти наздик ҳастем ва бо ин пул старекс харидем. Мақсадамон он буд, ки даромадашро дукаса тақсим мекунем…

-Сухан чун аз мошин рафт, мехоҳем боз ба як масъала равшанӣ андозед. Модари келинатон мегӯяд ман ба домодам як не, якчанд мошин харида додам…

-Бори аввал ман худам барои Шаҳриёр ба 3600 доллар як мошини тамғаи “Опел” харидам, баъд онро фурӯхта “Мерседес-сечка” гирифтем. Вақти харидани мошини сеюмаш Шаҳриёр бо ҳамин занак ошноӣ пайдо карда, очахонду бачахонд шуданд. Хушдоманаш ба вай мошин харида додааст ё не, намедонам, агар харида бошад ҳам, худашу духтараш мошинсаворӣ карда, каттагӣ карда мегаштанд. Умуман, пас аз тӯй хушдоманаш барои Шаҳриёр модару ман моиндар шуда будам, ба куҷое, ки наравад, ҳамеша ӯро дар пеши мошинаш савор карда мебурд, ман бошам, дар Қурғонтеппа аз паси кашидани аробаи зиндагии худу фарзандонам овора будам. Писари ман гадо не, ситораи эстрада буд, ҳар рӯз ба тӯю маъракаҳо рафта, бо кисаҳои пури пул бармегашт. Ба шаҳр келину писарамро хабаргирӣ омада, ҳар дафъа ман месанҷидам, ки хӯрдании дуруст доранд ё не, бовар кунед, яхдонашон ҳамеша чунон пур буд, ки дараш базӯр кушода мешуд. Хӯрокашон мудом гӯшту моҳӣ буд, ҳатто дар фасли зимистон Нишона ба ҷойи томат ба хӯрок помидори тару тоза меандохт. Модари Нишона бо духтарҳояш чанд сол пулҳои писари маро хӯрда, бароҳат зиндагӣ кард, имрӯз бошад, ӯро муттаҳам карда истодааст, ки Шаҳриёр бо пули ман машҳур шуд. Ин аз рӯйи адолат нест, чунки вақти бо ин занак шинос шудан Шаҳриёр аллакай ҳофизи номдор буд. Онҳо дар консерти 4 ё 5-уми Шаҳриёр вохӯрданд ва ин зан худаш бачаи маро писархонд гирифта, духтарашро ба ӯ ба занӣ дод.

-Саодат Алимова мегӯяд вақте хонаи духтари дигарамро фурӯхта, хостам барояш аз биноҳои навсохт хонаи дигар бигирам, Шаҳриёр бӯйи пулро фаҳмида дар атрофам парвона шуд, ки пулро ба ман диҳед, клип кунам, баъд пул ҷамъ карда барои апаам хона мехарам ва мани сода 28000 долларро ба ӯ додам. Шумо медонистед, ки писаратон пули хонаи хоҳарарӯсашро гирифта, сарфи корҳои эҷодиаш намудааст?

Ман аз ин хабар надорам, баъди кор аз кор гузаштан фаҳмидам, ки Шаҳриёр ба Дубай рафта клип сабт кардааст. Модар бошам ҳам, ман аз корҳои писарам аз ҳама охир хабардор мешудам, чунки Шаҳриёр аз мо маслиҳат напурсида, бо навои доираи хушдоманаш мерақсид.

-Акнун чӣ ният доред, пулҳои сарфкардаи Саодат Алимоваро бармегардонед ё…?

-Вақте ки моҷарои пул сар шуд, Шаҳриёр ба падараш гуфт, ки “Дада,  хонаро фурӯхта пулашро ба инҳо диҳед. Ман тайёр ҳастам, ки дар ягон хаскаппа зиндагӣ кунам, вале ҷонам аз ин занаки моҷароҷӯй ва духтари танбалу беҳунари бадрашкаш халос шавад”, вале Нишона гиряву ноларо бардошт ва модараш “ман аз шумо пул талаб накардаам” гӯён, ба идораи нотариалӣ рафта, забонхат дод, ки ба Шаҳриёр 28000 долларро ҳамчун туҳфа додааст ва нисбати ӯ ягон даъво надорад. Аз байн чанд рӯз нагузашта, ин зан ба болои он 28000 боз 17000 доллари дигарро ба гардани писари мо бор кард, ҳол он ки туҳфа қарз ҳисоб намешавад. Барои ҳамин аҳмақ карданҳояш ман ба писарам гуфтам, ки ба модари Нишона ягон тин пул надиҳад. Фаҳмам, ки Шаҳриёр ба хушдоманаш пул додааст, шири сафедамро ба ӯ намебахшам. Пиҳилаш намекунам!

-Наметарсед, ки писаратонро ба маҳкама мекашанд?

-Писари ман ягон касро накуштааст ва пули Саодат Алимоваро аз хонааш дуздида ё зӯран зада нагирифтааст. Вай худаш писари маро бачахонд гирифта, дар кору бори эҷодиаш бо ихтиёри худ кӯмак мерасонд. Касе ӯро маҷбур накардааст, ки ба Шаҳриёр пул диҳад. Ягона гуноҳи Шаҳриёр ҳамин аст, ки духтари ин занро талоқ дод, вале ин ҷиноят нест. Ҳазорон мардҳо аз занҳояшон ҷудо мешаванд, магар ҳамаи онҳоро ба паси панҷара мекашанд, ки барои чӣ ту занатро талоқ кардӣ? Бигзор мақомот софдилона ҳамаашро санҷида, мӯйро аз хамир ҷудо намоянд!

Маҳинаи Давлат

Р/С

Модари Шаҳриёри Давлат “Даҳонамон пури хун аст. Духтараки сесолаи Шаҳриёр аз дунё гузашт. Бисёр гиря кардам, фишорам якбора баланд шуд. Аҳволам хуб нест”,- гӯён, бо мо хайрухуш намуда рафт.

 

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

6 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *