Модару ду фарзанди ноболиғаш дар садамаи нақлиётӣ ҷон доданд
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳодисае хабар дод, ки дар натиҷаи он як нафар модар бо ду фарзанд ба ҳалокат расидаанд.
— 14-уми августи соли 2022, тахминан соати 23:30 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Камри» Гулямов Меҳроҷиддин Зикирович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор, дар ҳудуди деҳаи Меҳробод бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, шаҳрванд Расулова Манижа Ҷамшедовна, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри мазкурро бо ҳамроҳи фарзандони хурдсолаш — Хуҷаев Абдумуслим Муродалиевич, соли таваллудаш 2017 ва Хуҷаев Абдулло Муродалиевич, соли таваллудаш 2022, пахш намудааст,- мегӯяд манбаъ.
Мутаассифона, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш Расулова М. Ҷ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ва фарзандони ноболиғаш дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ