Занони Кобул ба эътироз баромаданд

Ҷангҷӯёни Толибон (ҳаракати дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳо мамнуъ) дар пайи тазоҳуроти осоиштаи занон, ки бо шиори “Нон, кор, озодӣ” ба хиёбонҳо баромаданд, ба ҳаво тирпарронӣ карданд.

Ҳамчунин, эътирозгаронро латукӯб кардаанд, ки дар миёни онҳо чанд қурбонӣ ҳастанд. Дар ин бора РИА “Новости” хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки рӯзи шанбеи 13-уми август ҳудуди 40 зан дар назди бинои Вазорати маориф ҷамъ омадаанд. Онҳо дар пешорӯи рӯзи 15-уми август, санаи ворид шудани Толибон ба Кобул як сол пеш бо шиорҳои дифоъ аз озодӣ, ҳуқуқи таҳсил ва кор намоиш додаанд.

Аксҳо ва наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд, нишон медиҳанд, ки ҷангиёни Толибон ба ҳаво тирандозӣ мекунанд. Пас аз он ки занон ба парокандашавӣ шуруъ мекунанд, Толибон онҳоро таъқиб карда, бо кундаҳои пулемёт латукӯб кардаанд.

Анҷумани рӯзноманигорони мустақили Афғонистон гуфт, ки Толибон се хабарнигори хориҷӣ ва як хабарнигори маҳаллиро барои талоши гузориш дар бораи тазоҳурот боздошт кардаанд. Ду хабарнигори дигари маҳаллӣ захмӣ шудаанд.

Ҳуҷатулло Муҷадидӣ, яке аз аъзои Анҷумани рӯзноманигорони мустақил дар Кобул ба шабакаҳои хабарии хориҷӣ гуфтааст, ки хабарнигорони боздоштшуда аз Олмон, Дания ва Норвегия мебошанд.

Созмони афви байналмилал аз гузоришҳо дар бораи истифодаи “нерӯи аз ҳад зиёди Толибон” барои пароканда кардани тазоҳуроти осоиштаи занон изҳори нигаронӣ кард. Дар саҳифаи твиттерии ин созмон гуфта мешавад, ки ин занҳо танҳо “ба таври осоишта эътироз карданд ва талаб карданд, ки ҳуқуқи онҳо риоя шавад.”

Дар навори видеоӣ, ки дар ҷараёни тазоҳурот наворбардорӣ шудааст, дида мешавад, ки занон раҳпаймоӣ мекунанд ва шиорҳоеро талаб мекунанд, ки ҳақи кор ва ширкати сиёсӣ дар ҷомеаи Афғонистонро талаб доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *