Монополия ё олигополия?Нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон назорат ва танзим мехоҳад
Дар нуқтаҳои ширкатҳои “Газпромнефт” ва “Фароз” як литр газ ба 3 сомонию 80-90, бензини навъҳои АИ-95 7 сомонию 30, АИ-92 6 сомонию 60-70 ва дизел 6 сомонию 60 дирам расид. Аммо дар дигар нуқтаҳои ширкатҳои сӯзишворӣ газ 3 сомонию 60- 70 дирам аст. Болоравии нарх нигаронии ронандагону мусофиронро ба миён овардааст, зеро ин ҷаҳиши нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон боис ба қимат шудани нархи маҳсулот ва дигар хизматрасониҳо мегардад.
Тацрибан як моҳ пеш нархи газ 2 сомонию 80 дирам то 3 сомониро ташкил медод. Чунин ба назар мерасад, ки нархи газ дар нуқтаҳои фурӯши Тоҷикистон як навъ калаванда аст. Соли гузашта низ дар ҳамин шабу рӯз нархи сӯзишворӣ баланд шуда буд. Он замон дар нуқтаҳои фурӯш камчинии маҳсулоти сӯзишворӣ ба назар мерасид ва воситаҳои зиёди нақлиёт дар нуқтаҳои бензинфурӯши навбат мепоиданд. Аммо ин навбат маҳсулоти сӯзишворӣ фаровон аст ва танҳо нарх “ба бозӣ” медарояд. Аллакай болоравии газу бензин арзиши роҳкиро ба самтҳои Душанбе – Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мутаносибан аз 10 -20 фоиз афзудааст. Инчунин, болоравии арзиши сӯзишворӣ ба афзоиши нархи ҳамлу нақли маҳсулоти кишоварзӣ, масолеҳи сохтмон ва дигар маводи низ боис гардид. Ронандагон бо ҳайрат мегӯянд, ки дар кишварҳои дигар нархи маҳсулоти сӯзишворӣ поён мераваду дар Тоҷикистон баръакс. Ин омил метавонад ба болоравии нархи роњкиро дар наќлиёти мусофиркаш замина гузорад, ки боз зарар ба љайби сокионони кишвар аст.Таҳвилгарони сӯзишворӣ болоравии нархро ба афзудани нархи гази моеъ дар Қазоқистон нисбат медиҳанд, зеро беш аз 65- 70% аз ҳаҷми умумии гази моеъ ба Тоҷикистон маҳз аз ҳамин кишвар ворид мешавад. Тибқи маълумоти Вазорати иқтисоди миллии Қазоқистон, дар ин кишвар аз оғози сол нархи сӯзишвории дизелӣ — 9,3%, гази моеъ — 7,7% ва бензин — 5,7% боло рафтааст.
Воридоти сӯзишворӣ аз забони рақамҳо
Тибқи маълумоти омории гумрукӣ, дар нимсолаи якуми соли 2017 аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродӣ ба ҷумҳурӣ 209 369,4 тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла 95 341 тонна бензин (45,54 фоиз), 88 422,2 тонна сӯзишвории дизелӣ (42,23), 11 810,3 тонна сўзишвории реактивӣ (5,64 фоиз), 6 510,6 тонна равѓанҳои молиданӣ (3,11 фоиз) ва 7 283,7 тонна мазут (3,47 фоиз) ворид гардидааст. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтии воридгардида ба корхонаҳои коркарди нафти Россия 91,53 фоиз, ба Туркманистон 4,89 фоиз, ба Қазокистон 0,75 фоиз ва боқимонда 2,83 фоиз ба дигар давлатҳо рост меояд.
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи субъеқти хоҷагидоре, ки дар бозори мол мавқеи ҳуқмфармоиро доро мебошанд, дар миқёси ҷумҳурӣ аз рўи воридоти бензин ва сўзишвории дизелӣ се субъеқти хоҷагидор шомил кардааст. Инҳо ҶДММ «Газпромнефть — Тоҷикистон», ҶДММ «Сеганҷ», Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд.
Дар шаш моҳи соли 2017 истеҳсоли бензин 281,7 тонна, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 – 58,2 тонна (281,7-339,9) ва ё 82,9 фоиз кам, сўзишвории дизелӣ 4978,9 тонна, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 — 3137,8 тонна (4978,9-1841,1) ва 2,7 баробар зиёд, мазут 3323,7 тонна (3323,7-3183,2) истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 – 140,5 тонна ва ё 4,23 фоиз зиёд гардидааст.
Давр интизори ҷавоб
Пӯшида нест, ки ширкати «Газпромнефт»-и Русия беш аз нисфи бозори маводи сӯзишвории Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад. Ба назари коршиносон, ин ширкат бо воситаи ширкатҳои дигари ҳампаймонаш фоизи зиёди бозори маводи сӯхти кишварро назорат мекунад. Тоҷикистон асосан маҳсулоти нафтиро аз Русия ворид мекунад. Коршиносон чунин меҳисобанд, ки ҳарчанд шумораи ширкатҳои тиҷоратии воридот ва фурӯши бензин дар Тоҷикистон зиёд нишон дода мешавад, аммо онҳо ба ду се нафар марбут аст, ки нархи сӯзишвориро дар бозор дар як зина нигоҳ медоранд. Яъне, онҳо миёни худ шартномаи олигополӣ доранд.
Инчунин, тиҷорати маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон он қадар шафоф нест, зеро агар имрӯз дар ҷаҳон нархи нафт як доллар баланд шавад, рӯзи дигар дар кишвари мо низ қиммат мешавад. Ҳол он ки шояд таъсири он баъд аз як моњ омада ба Тоҷикистон расад. Агар нархи он дар ҷаҳон паст шавад, ширкатҳои кишвар изҳор медоранд, ки мањсулот бо нархи пешин ворид шудааст. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон сохторест, ки назорати нарх ва дигар хизматрасониҳоро бар зимма дорад. Аммо ин ниҳоди молиявӣ то ҳол сабаби қиматшавии нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон ба таври расмӣ шарҳ надодааст. Коршиносони масоили иқтисодӣ ва ҳолдонҳо боло рафтани нархи сӯзишвориро дар мамлакат аз як тараф мавсимӣ хонанд, аз ҷониби дигар монополия шудани бозори сӯзишворӣ медонанд. Воқеият чист? Посухи Хадамоти зиддиинҳсории назди Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти сӯзишвориро интизорем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ