Саида Муҳиддинзода — Тоҷикистон

Дар доми дил…

Бори ғам бо дил кашидам, қомати ӯ хам нашуд,

Мову ӯ андар набард, андешаҳо бо ҳам нашуд.

Сарзанишҳо мекунам дар гӯш дорад панабае,

Ҳар қадр бо одамӣ буд дил, вале одам нашуд.

Сад ҳавас андар мазораш гӯр кардам то кунун,

Майсаи хушкидааш бар дарди ман малҳам нашуд.

Ман барояш хешро бар ҳар дару ку мезанам,

Дар саховатпешагӣ дил ҳамчунон Ҳотам нашуд.

Дар барам умрест ӯ бегонахӯӣ мекунад,

Дилшарики ман дар ин дунёи пур аз ғам нашуд.

***

Орзу

Дидани рӯйи ту таманнои дил,

Шодии имрӯзаву фардои дил.

Аз бари ишқи ту куҷо меравад.

Силсилаи ёди ту дар пойи дил.

Шоҳи вафоию гадоят манам,

Тахти ту бодо ҳама дунёи дил.

Саҷдагаҳам ҷойи қадамҳои ту,

Юсуфи Канъонию мавлои дил.

Гар дари дилро накушоӣ чӣ ғам,

Пушти дари ишқ ту шуд ҷойи дил.

Бо ҳама ин гар накунӣ ёди мо,

Вой ба ҳоли ману вой-войи дил.

سعیده محی‌الدین زاده- تاجیکستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *