дороӣ

Мошин, хона, бӯстонсаро… Раисони Хатлон боз чӣ доранд?

Соли 2023 дар чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон раисон иваз шуданд. Дар нишасти матбуотӣ хабарнигорон дар бораи дороии онҳо суол карданд.

Мероси падар

Файзулло Баротзода — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар дар нишасти хабарӣ дар посух ба суоли хабарнигорон атрофи дороиҳояш гуфт, ки хонае дорад, ки аз падар мерос мондааст. “Як нақлиёти шахсӣ дораму халос. Дигар маоши давлат асту хизмати халқ аст”,- афзуд вай.

Файзулло Баротзода дар гузашта дар вазифаи муовини шаҳрдори Бохтар ва ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият кардааст. Чанд соли охир раиси ноҳияи Лахш дар минтақаи Рашт буд. Аз феврали соли 2023 бо фармони Президнти кишвар иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар таъйин шудааст.

Раисе, ки кам-кам соҳибкорӣ кардааст

Қурбоналӣ Қувватзода — раиси ноҳияи Вахш ҳам дар нишасти матбуотии хеш аз дороиҳояш гуфт. Ӯ мегӯяд, ки то таъин шудан ба ин вазифа хона ва ҳам мошини шахсӣ доштааст. “Ҳамонҳоро истифода бурда истодаам, мисли дигар одамҳо”,- афзуд вай.

“Роҳбари хоҷагӣ будам. Кам-кам соҳибкорӣ мекардам. Роҳ, дарвоза ва мактаб кардам. Чизе, ки аз дастамон омад, кардем. Бӯстонсаро надорам”,- гуфт ӯ.

Қурбоналӣ Юсупов аз соли 2019 ба ин тараф раиси ноҳияи Вахш аст. Дар замони роҳбарии ӯ ба таҷдиди роҳҳои мошингард таваҷҷуҳ бештар шуд. Ҳамчунин, дар даромадгоҳи ноҳияи Вахш дарвоза сохтанд ва канори роҳҳои мошингарду пиёдагард чароғон карда шуд.  

Зиндагӣ дар иҷорахона

Хол Раҳмон — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳам дар нишасти хабарӣ гуфт, ки як мошин ва як хона дар ҳамин ноҳия дораду халос.

Ӯ мегӯяд: “Дар куҷое, ки кор кардам, дар хонаи иҷора зиндагӣ кардам”. Ӯ гуфт, ки бӯстонсаро надорад. “Худо хоҳад, мардуми шарифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ як бӯстонсаро сохта медиҳанд (механдад)”,- бо ҳазл гуфт ӯ.

Хол Раҳмон дар вазифаҳои раиси ноҳияи Носири Хусрав, Шаҳритус, Ҷайҳун, муовини раиси вилояти Хатлон ва даҳ соли охир директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Ӯ замони раиси ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритус ва Ҷайҳун буданаш нишастҳои матбуотиро дар саҳро ва заминҳои кишт мегузаронд. Ва дар даст белу каланд дошту бо иштирок дар ҳашарҳои тозагӣ аз дигар раисон фарқ мекард.

Баракати фарзандон

Мирзодавлат Сабурзода — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён дар нишасти хабарии хеш бо фарқ аз раисони дигар гуфт, ки дороии бисёр дорад.

Ӯ мегӯяд: “Дар шаҳри Душанбе хонаи заминӣ дорам. Фарзандони хуб дорам, ки ҳар кадом соҳиби кори мувофиқ ва тиҷорати хуб ҳастанд. Чаҳор фарзанд дорам. Онҳо маош мегиранд ва тиҷорати хуб доранд. Шукронаи давлату миллату сарвари давлат, ки бисёр шароити хуб фароҳам кардаанд. Фарзанди калонии ман директори генералии ширкати “Шириниҳои Шарқ” дар вилояти Хатлон аст. Ин аввалин ширкати маҳсулоти қаннодӣ дар соли 2005 дар ин минтақа буд. Фарзанди дигарам варзишгар аст. Ӯ дар тими миллии кишвар ва дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ мекард. Он чизе, ки барои як нафар даркор аст, фарзандонам барои ман ҳамчун падар фароҳам овардаанд”.

“То ҳол ба осоишгоҳ нарафтаам”

Бахтиёр Шарифӣ — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон дар нишасти матбуотии хеш гуфт, ки “дороии ман зан, фарзанд ва ватан аст”. Ӯ гуфт, то ҳол ҳар чӣ дорад, моли падараш аст ва худаш то ҳол ҳеҷ чиз нахаридааст.

“Хонаву мошине, ки ҳаст, ҳама моли падарам мебошанд. Аз соле, ки дар сохтори давлатӣ фаъолият кардам, аз худам ҳеҷ чиз харидорӣ накардаам. Ҳама моли падарам аст. Бӯстонсаро надорам. Ростӣ, тарзи дам гирифтанро намедонам. Ман то ҳол ба осоишгоҳ нарафтаам. Фикр мекунам, ки хизматчии давлатӣ имконияти ба бӯстонсаро рафтанро ҳам надорад”- гуфт ӯ.

Бахтиёр Шарифӣ то таъин шудан ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон муовини аввали вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар буд.  

Аз мушоҳидаҳо

Тибқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид “Бар зидди коррупсия” аз соли 2003, ки онро ҳам Тоҷикистон шуруъ аз соли 2008 эътироф кардааст, мансабдорони тоҷик вазифадоранд ҳар сол то 1-уми апрел вобаста ба дороиҳояшон ба нозироти андоз эъломия пешниҳод кунанд. Феълан имкони тасдиқи дурустии маълумоти додаи раисони чанд шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон вобаста ба дороиҳояшон нест. Посухи онҳо ба суол дар бораи дороӣ қариб ки якранг аст. Вале дар ҷомеаи мо аксар ба ин назаранд, ки баъди ба мансаб расидан дороии онҳо зам мешаваду кам не…

Машраби АЛОВИДДИН, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *