Мошинҳои дуздиро аз Душанбе ёфтанд

Ширкати русии «Цезарь Сателлит” хабар дод, ки кормандони ин ширкат тавассути ҷустуҷӯи моҳвораӣ се мошини хориҷии аз шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Маскав дуздидашударо дар шаҳри Душанбе пайдо кардаанд.

 То замони ВКД-ро хабардор кардани ширкати русӣ ин ду BMW X5 ва як Toyota Camry бо рақамҳои қалбакӣ дар Душанбе озодона мегаштанд.Ширкати русии «Цезарь Сателлит” хабар дод, ки мутахассисонаш тавассути пайгирии сигнали блокҳои махсуси дар мошинҳои насбшуда ҳаракати чанд мошини дуздиро пайгирӣ карда, маълум кардаанд, ки ин мошинҳоро ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон бурдаанд.Аз ҷумла як мошини BMW X5, ки аз таваққуфгоҳи мошинҳо дар маркази савдои «Родео Драйв”- ва якToyota Camry, ки аз кӯчаи Парашютнаяи шаҳри Санкт-Петербург рабуда буданд, дар Душанбе ёфт шуданд. Намояндагони ширкати «Цезарь Сателлит”, ки ба насби таҷҳизоти амниятии аз ҷумла зидди дуздии мошинҳо машғул аст, баъди маълум кардани макони мошинҳои дуздӣ мақомоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро хабардор кардаанд. Маълум шудааст, ки ин мошинҳои дуздӣ бо рақамҳои қалбакӣ дар Душанбе озодона мегаштанд. Ба мутахассисони «Цезарь Сателлит” ҳамчунин муяссар шуд, ки масири интиқоли мошинҳои дуздиро низ пайгирӣ ва мушаххас кунанд. Ду мошинеро, ки аз Петербург рабуда буданд, мошиндуздон тавассути Қазоқистону Ӯзбекистон 4500 километр роҳро тай карда, то ба шаҳри Душанбе расондаанд ва дар тӯли ин роҳи дароз дар ягон посгоҳ ягон нафар аз мақомот ҳатто пай набурдааст, ки мошинҳо дуздианд. Дар солҳоиохирдарматбуоти Аврупо дар бораи ба як бозори «обулой”-и мошинҳои дар Аврупо дуздишуда табдил ёфтани Тоҷикистон гузоришҳои зиёд ба нашр мерасанд.

Нашрияи олмонии «Билд” дар соли 2013 дар бораи дар Тоҷикистон озодона ҳаракат карданидастикам 200 мошини дар Аврупо дуздишуда гузориш дод ва гуфт, бархеи ин мошинҳоро наздиконимансабдорони баландпояи тоҷик саворӣ мекунанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳудуди ин кишвар кашф шудани 127 мошини дуздиро эътироф кард.Соли 2014 вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вокуниш ба қазияи мошинҳоидуздӣ барои сабти номи мошинҳои гаронбаҳои воридотӣ 90 рӯз мӯҳлат таъйин кард, то дар инмуддат тавассути базаи Интерпол дақиқ кунанд, ки мошин дуздӣ аст ё на. Ин муқаррарот бароимошинҳои «седан”-и нархашон аз 30 000 доллар боло ва барои мошинҳои «Ҷип”-и қиматашон накамтар аз 40 000 доллар таъйин шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *