“Корвон” 112 дарахторо “қатл” кард. Касе ҷазо мегирад?

Маъмурияти бозори бузургтарини Тоҷикистон ҶДММ «Бозори Корвон» бо баҳонаи ба ноқилҳои барқ зарар расонидани дарахтҳои сояафкану мевадиҳандаи чандинсолаи маҳаллаи Крупскаяи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 112 дарахтро бе иҷозати Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе буридаанд. 

Мақомоти экологӣ буридани фақат 24 дарахтро ба масъулони ин бозор иҷозат дода буданд. Ба гуфтаи сокинони маҳаллаи Крупскаяи шаҳри Душанбе , кормандони ҶДММ «Бозори Корвон» ин корро  бе маслиҳати пешакӣ бо сокинони маҳалла ва шахсоне, ки барои ободу зебо гардонидани кӯю барзан аз ҳисоби худ дарахтони сояафкану мевадиҳанда шинонида, солҳои дароз онҳоро парваришу нигоҳубин намуда, бо меҳнату заҳмат ба камол расонидаанд, сурат гирифтааст. Онҳо мегӯянд, кормандони бозор ба эътирози сокинони бешумори маҳалла нигоҳ накарда ба табиати зебои диёр дарахтонро тагбурӣ намуданд.Сокинон мегӯянд, ки сардори шӯъбачаи шаҳрии милитсияи бозори Корвон, ки вазифаи асосиаш ҳифзи моликияти шаҳрвандон мебошад, дар ин «чорабинӣ» шахсан иштирок намуд ва ягон монеае нишон надодааст.Инчунин намояндагони ШВКД ва ҳифзи муҳити зист баъд аз буридану бурдани 112 дарахти баркамоли сояафкану мевадиҳанда ба ҷои ҳодиса пайдо шуданду байни худ гуфтугӯ карданду рафтанд. Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе муроҷиати ҶДММ «Бозори Корвон»-ро № 339 аз 31.05.2018 сол ва дархости розигии Раиси маҳаллаи Крупскаяи ноҳияи Фирдавсӣ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оиди буридани дарахтони ба болои симчӯбҳои барқӣ хамзада, ворид гардидааст, мавриди баррасӣ қарор додааст.Дар вақти азназаргузаронӣ муайян гардид, ки дар пушти ҶДММ «Бозори Корвон» дар шафати иҳотадевори бозор 3 бех дарахтони тут, 8 бех дарахтони бед ва 13 бех дарахтони сафедор шоху навдаҳояшон ба болои ноқилҳои барқ хамзада, ки ҳангоми вазидани шамол ва боришоти зиёд боиси садама мегардад, ҳамагӣ буридани 24 дарахти номбурдаро иҷозат додааст. Аммо дар вақти аз ҷои ҳодиса дидан намудан маълум гардид, ки ба ҷои 24 дарахти иҷозатдодашуда, 112 дарахтро худсарона буридаанд.Дар тамоми рӯи дунё барои худсарона буридани дарахтони сояафкану мевадиҳанда муҷозот таъин шудааст ва дар Тоҷикистон низ чунин қонунҳо амал менамоянд. Аммо барои ғайриқонунӣ буридану несту нобуд кардани 112 дарахте, ки барои парвариш ва ба воя расонидани онҳо солҳои зиёд заҳмат кашидан мебояд, кӣ ҷавобгар мешавад? Ин дар ҳолест, ки аз тарафи Ҳукумати шаҳри Душанбе ҳамасола барои ободу зебо намудани гулгашту хиёбонҳои пойтахт маъракаи умумии ниҳолшинонӣ гузаронида мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *